Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Яъне ки вай фаришта набуд?
– Инашро шумо аз ман нағзтар медонед.
– Нисбат ба Сулҳия чӣ гуфтан мехоҳед?
– Лаънат ба он рӯзе, ки тақдир маро ба онҳо рӯ ба рӯ кард.
– Дузд – дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва шумо ҳама ҳосили як буттаед.
– Ману Сулҳия эҳтимол ҳосили як бутта бошем, вале Беназиру Салим аз буттаи шумоянд.
– Дипломат аз кӣ буд?
– Кадом дипломат?
– Ҳамоне, ки ба Сайф бароварданашро амр додед.
– Ман пайғоми милисаи шуморо ба гӯши ӯ расонидам.
– Аз кадом милисаро?
– Аз Салимро.
– То ҷойе, ки мо фаҳмидем, шумо ба ҷуз миёнравӣ дигар коре надоштед.
– Дуруст фаҳмидед.
– Шахсе, ки ба ҷинояткор ёрӣ медиҳад, ӯ дар содир намудани ҳамон ҷиноят ҳам иштирокчӣ ҳисобида мешавад.
– Ман намедонистам, ки дар он дипломат чист?
– Вале бо тариқи рамзи гуфтугӯ намуданро ба Сайф шумо фаҳмонидед?
– Гуфтам – ку он суханҳо ҳам аз Салим буданд.
– Пас шумо дарк накардед, ки дар зери суханҳои рамзӣ чӣ асрорест?
– Не.
– Дар бораи раис, Корвон ва Алик чӣ гуфта метавонед?
– Қариб ки ҳеҷ чиз.
– Яъне, ки каму беш маълумот доред?
– Агар он ҳамаро маълумот гуфтан ҷойиз бошад.
– Агар шумо ба тафтишот ёрӣ диҳед, он ҳамчун ҳолати сабуккунандаи кирдорҳоятон ба инобат гирифта мешавад.
– Агар он маълумоти ҷойизе набошад чӣ?
– Муҳимаш он аст, ки шумо асли воқеаро гӯед,
– Корвон ин тағои Сулҳия аст. Алик дӯсти вай. Онҳо ҳарду аз рӯйи шунидам аз раис қарзидоранд.
– Ин андешаи худи шумост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор