Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ ҳатто шаб ба манзили худ нарафтам. Соатҳои 23 ман ба Сайф занг задам ва ӯ маро тариқи тиреза вориди хобгоҳи донишҷӯиаш намуд...
Субҳи рӯзи дигар хабар ёфтам, ки Беназир ҳадафи тири кадом нохалафе қарор гирифтааст.
– Ки будани он нохалафро шумо албатта медонед?
– Намедонам, ба ҷонам қасам, ки намедонам.
– Вале ба гумонам нисбат ба вай бону чунин суханҳоро гуфта наметавонед?
– Нисбат ба кадом бону?
– Нисбат ба ҳамоне, ки аз тарси шумо аз баҳри он ду ҳазор доллар даргузашт.
– Телефонашро медонам.
– Гӯш мекунем.
919 61 84 8...
– Аҷиб, ки ҳамаи ин ҳам бароятон дарс нашуд.
– Чиро дар назар доред?
– Ҳодисаи ба он «Кохи асрор» фиристодани мизоҷонро.
– Кӣ гуфт, ки касеро ман ба он ҷо фиристодаам.
– Ҳамоне ки калиди хонаи бародарашро ба дастатон дод.
– Ин бозёфти худи Сулҳия ва он дӯсти милисааш буд.
– Кадом милиса?
– Салим.
– Магар милиса ҳам ба чунин корҳо даст мезанад?
– Фаромӯш насозед, ки Беназир ҳам милиса буд.
– Ҳа, милиса буд, милисае, ки макри шуморо дарк накард.
– Ӯро ман не, нафси бадаш кушт.
– Лаҳзае пештар гуфтед, ки шумо асли воқеаро аз вай пинҳон доштед.
– Ҳа гуфтам, вале ӯро ман маҷбуран нафиристодам. Чун шунид, ки он пулҳо дар ахлотқуттианд ҷойи нишасташро гум кард.
– Акнун хуни вай дар гардани шумост.
– Ӯ бепул, ба фикрам, ба модараш косаи об намедод.
Беҳуда шумо аз вай фаришта метарошед.

пешина
аз 515
навбатӣ