Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мо розӣ шудем ва ба вай фаҳмонда додем, ки боз занг мезанем ва роҳҳои иваз намудани моли худро муҳокима мекунем. Вай розӣ шуд.
Рӯзи шанбе 16 феврал Сулҳия тариқи телефонавтомат боз бо вай дар тамос шуд ва хабар дод, ки рафту то соати 2100 мабалағи муқаррарнамударо ба ахлотқутии наздикии стадиони «Варзишгар» нагузорад, баъди як соат негативи корнамоиҳояш ба дасти ҳамсараш хоҳад расид.
Рассо соати 21 Сулҳия аз нав ба вай занг зад ва бандаро барои гирифтани он маблағ фиристод. Чун худи объект бозёфти ман буд, мебоист то ба анҷомаш худам рӯйи саҳна бошам, ҳамин буд қоидаи нонавишта дар амалиётиҳои мо.
– Саҳми Сулҳия дар он амалиёт чӣ буд?
– Ӯ роҳбарии умумиро ба душ дошт, ҳарчанд фикри моро ҳам боре сарфи назар накарда буд.
– Пас чӣ шуд?
– Ман барои гирифтани он маблағ рафтам ва чун он коғазпечро ба даст овардам аз рӯйи маслиҳати пешакӣ онро ба манзили Беназир бурдам. Дар ҳамин муддат ман сояеро аз қафои худ дидам, вале ҳамин чизро аз Беназир пинҳон дошта гуфтам, ки пулҳоро гирифта натавонистам. Ӯ ки шефтаи пулу моли бедарди миён буд, баҳри гирифтани он маблағи ниҳони дасту остин барзад. Сипас, мо ҳарду тағйири либос намудем, ин амал хоҳиши худи Беназир буд. Чун борони ман сафеду ба чашм намоён буд, банда баъди тағйири либос худро хеле ором ҳис намудам. Дар ҳолате, ки вай дар ванна рӯю мӯйи худро пардохт мекард, ман он бастаи пулҳоро ба зери болинаш гузоштам. Гумон насозед, ки ман девонаам, вале банда дар он лаҳзаҳо хатари ҷиддиеро ҳис намудам ва баҳри амон мондани ҷони худ тайёр будам, ки аз ҳама зару зевари дунё даст кашам.
– Давом диҳед.
– Мо ҳарду дар як вақт аз хона баромадем ва дар берун ҳатто ба ҳамдигар сухане ҳам нагуфтем. Ман аз паҳлуи бино ба тарафи рост тоб хурдам ва Беназир ба тарафи чап. Ӯ бояд аз паҳлуи стадион гузашта ба пеши он ахлотқуттӣ мерафт...
Ман соате аз тарафи муқобили кӯча омадани вайро интизор шудам, вале баргаштани вайро надидам. Чун мо пеш аз хона баромадан чароғи хонаашро хомӯш карда будем ва дар ҳамин муддат он чароғ дигар фурӯзон нашуд, банда ба хулосае омадам, ки Беназирро боздошт намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор