Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар натиҷаи кори объективро ба мадди назари бонуи гунаҳкор гузоштанд, бехабар аз он ки бо ин амали худ ба пой худ теша мезананд.
Духтар розӣ шуд, ки товони айши нобаҳангоми худро дар се рӯзи оянда пардохт намояд. Маблағи чунин айш бо маслиҳати тарафайн ду ҳазор доллари амрикоӣ қарор гирифт...
Мегӯянд, ки сухан аз забони Луқмон хуш аст ва банда аввалин шуда дар ҳамин ҷо муҳри хомӯширо шикаста аз муфаттиш хоҳиш намудам, ки агар малоли хотираш наояд боз як маротиба сабти овози Сабзинаро пахш намояд.
Муфаттиш лентаи диктофони хурдакакро ба қафо тоб дода худ аз ҷой бархеста ва баҳри овардани об рафт. Чун баргашт чойҷӯшро ба қувваи барқ пайваст ва боз сари мизи кориаш нишаста, тугмачаи сеҳрангези диктофонро пахш намуд.
– Бо шахси ба дом афтида чӣ хел алоқа барқарор мекардед?
– Расмҳоро аз рӯйи қоида баъди занги телефонӣ ба вай месупоридем.
– Аниқтараш.
– Фирмаи мо баъди корнамоиҳои ба домафтодагон тавассути дигар аъзоёни гурӯҳ ҳар кадомеро то ба манзилаш пайгирӣ менамуд, яъне моро лозим буд, ки бифаҳмем, ки мизоҷи мо дар куҷо зиндагию кор мекунад, вале дар таҷрибаи кории мо чунин ҳолатҳо ангуштшумор буданд.
– Чӣ хел?
– Аксари вакт мо дар бораи мизоҷони худ пешакӣ маълумот мегирифтем ва баъди ба объектив афтидани аксаш аз рӯйи қобилияти иқтисодиаш тариқи телефон ба вай ултиматум мегузоштем. Ҳодисаи шаби 12 ба 13 феврал ҳам айнан аз ҳамин қабил ҳодисаҳо буд. Чӣ хеле гуфтам мо тариқи курер расмҳоро то ба дасти бону расонидем ва дар ҳоле ки шояд ӯ ҳанӯз ба худ наомада буд аз телефонавтомати муқобили манзили истиқоматиаш ба вай занг задем...
– Ӯ чӣ гуфт?
– Чӣ ҳам мегуфт. Гуфт, ки ба ҷуз аксҳо ӯ бояд негативро ҳам бигирад.

пешина
аз 515
навбатӣ