Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ба чунин варта афтидани Сабзинаро низ нафси бад сабаб гардида ва Беназиру Сулҳия ҳам аз ҳамин кунҷ ба вай нигоҳ намуда. Дузд – дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва духтари ҳиҷобпӯш ҳам дар интихоби «дустон» хатто накард. Баъди ба худкушӣ даст задани Фариза муддате ҷойи кори ӯ вакант монд.
Сипас, бо тавсияи худи Беназир Сабзинаи Дониёр дар «озмун»
ғолиб омад ва обро ба лаби ҷӯй баробар сохт. Турфа шогирде ки дар ҳайрат кунад устодро. Сабзина айнан чунин мурид баромад. Бо қудуми вай доираи фаъолияти гурӯҳ ҳам ранги нав гирифт. Акнун ба як шантаж сару кор доштан ҳайати гурӯҳро қонеъ намекард. Иштиҳо дар вақти хурдан пайдо мешавад гуфтагӣ барин иштиҳои Сабзинаву васиёнаш низ рӯз аз рӯз карнай мешуд. Дар як муддати кутоҳ Сабзина барои худ дар кӯчаи Помир ҳавлӣ харид, ин ҳама дар ҳолате, ки кулли мардуми ба меҳнати ҳалол сарукор дошта, бо азобе рӯз мебурданд.
– Ба худодода ситеза макун, ки ӯро Худо додаст,– баъзан қалби худро ором карда мегуфт вай.
Бехабар аз он ки ин доди Худо бо кадом нарх омада. Мардум бар он ақидаанд, ки кӯза на ҳамеша аз лаби об беосеб бармегардад, вале ҳамин ҳолатро Сабзина дер фаҳмид...
Як шаби боздошт дар ИВС осори худро дар ниҳоди Сабзинаи Дониёр ба пуррагӣ гузошта буд. Дар ҳамин як шаб шояд ӯ тамоми кирдорҳои худро дар мизони ақл баркашида ба хулосае омада буд, ки хомушӣ на ба фоидаи худи ӯст.
Имрӯз ҳангоми посух гуфтан ба суолҳои муфаттиш ҳамин нуқтаи назарро сарчашмаи суханрониҳои худ қарор дод. Сабзина инкор накард, ки либосҳои аз ҷевони ӯ ёфтшуда либосҳои Беназиранд, вале роҳи паймудаи он либосҳоро ҳам то ба манзилаш гуфта дод. Шаби 12 ба 13 феврал аз пеши меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ӯ «ҷуфти муносибе» – ро дарёфта ба он «Кохи асрор» (хонаи Сулҳияи Мурод дар кӯчаи Академикҳо) фиристод.
Дар ҳамин муддат ӯ соҳибхонаро ҳам ҳушдор сохт, ки омодаи маросими қабули ин ду ҷавон шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор