Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Албатта, бе чунин амал парвандаи ҷиноиро ба суд фиристодан ғайри имкон аст, вале мо ки то кунун Эшоноваро дастгир накардем магар метавонем ба чунин амал даст занем?
– Чун хона дар зери назорат қарор дорад гумон мекунам, ки кофтуковро каме ҳам бошад ба таъхир андохтан мумкин.
Бовари дорам, онҳое ки бо Салим Ворис доду гирифт доштанд аз боздоштшавиаш хабардор шуда, худ баҳри аз байн бурдани нақши ҷиноят, агар чунин нақш дар ҳақиқат монда бошанд, пой бар остонаи он хонадон хоҳанд гузошт. Дар он сурат мо бо як тир ду нишонро сурох хоҳем кард.
– Рафту ташриф наоранд чӣ?
– Пас мо метавонем худ ба амалиёти кофтуков даст занем.
– Яъне дар ҳарду сурат ҳам мо чизеро бой намедиҳем.
– Бале.
– Чӣ илоҷ бандаро ба ҷуз пазируфтани андешаҳои шумо дигар чорае нест.
– Баръакс шумо дар кори худ мустақилед ва метавонед бо салоҳияти худ дар асоси модаи 45 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ аз рӯйи ваколатҳоятон амал намоед.
– Ман бошам дар он ақидаам, ки ҷомаи бомаслиҳат ҳаргиз кутоҳ намеояд.
– Ихтиёр шуморост.
Муфаттиш чашм ба соати дастиаш духт ва гуфт:
– Баъди даҳ дақиқа Сабзинаи Дониёрро барои пурсиш ба ин ҷо меоранд, агар вақтатон бошад хоҳиш мекунам истед.
– Ман розӣ гуфтам ва ба курсӣ такя намудам.
... 37...
Баъди рафтани Сабзинаи Дониёр ману муфаттиш лаҳзае хомӯш мондем. Ҳамаи инро сабаб нишондоди гумонбаршуда гардида буд. Шунавандаи суҳбати вай ману Фурӯғ танҳо не, балки ҳимоячиаш ҳам буд. Баъди рафтани Сабзинаи Дониёр ҳимоячиаш ҳам бо мо хайрухуш намуд. Акнун мо боз байни он чор девори бетонӣ дар зери созу навои андешаҳои худ мондем.
Мардумони ориф бар он андешаанд, ки камро хуру ғамро не, вале ин ҳикмат на писанди ҳамагон аст. Бар хилофи мардони худотарсу ориф боз ҳастанд ашхосе, ки як рӯз бошу хӯрус бош шиори рӯзгорашон гашта ва боз онҳое, ки ғуломи нафс гаштаву аз хоки гур ҳам сер намешаванд, бехабар аз он ки нафс ҳам сари сабзро ба бод медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор