Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар ин се сол ӯ худ сабабҳои марги ҷигарбандашро ҷӯё шудааст ва ҳарчанд далели кофие ӯро дар даст нест, вале медонад, ки Беназир ва Сулҳия чӣ тавр духтари яккаву ягонаи ӯро ба роҳи ёфтани даромади муфт ҳидоят намудаанд.
– Дар ин ҷо Беназиру Сулҳияро гунаҳкор кардан ғайриимкон аст, рафту духтари он зане, ки ба мо хайрхоҳ аст, тарбияи дуруст медошт ҳаргиз бо онҳое ки шантажро воситаи асосии рӯзгузаронии худ қарор додаанд, ҳармоҳ намешуд. Дигар қавму миллатро намедонам, вале дар адабиёти мо он қадар суханҳои панду ҳикматомез зиёданд, ки ҳаду канораш нест. Ба ёд биёред ҳикматҳои Саъдии Шерозиро,– гуфт Фурӯғ.
Саъдии бузург чун нур бо ҳикматҳояш пеши назарам омад, ки гуфтам.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки:
– Адабро аз ки омӯхтӣ?
Гуфт: – Аз беадабон.
Гуфтанд:
– Чӣ хел?
Гуфт:
– Ҳар он чӣ эшон карданд ва ба ман писанд наомад, аз он парҳез намудам…
– Шукр, ки чунин ҳикматҳо лаки дар лаканд. Ҳа, дар воқеъ сабаби даъвати шуморо нагуфтам.
– Шуморо гӯш мекунам.
– Шефи мо барои гузаронидани кофтуков дар кӯчаи Академикҳо розигӣ дод, – гӯён муфаттиш аз байни ҷузвдони коғазине қарорро дар бораи гузаронидани кофтуков, ки дар он розигии прокурор ҳам гирифта шуда буд, барои шиносоӣ ба дасти ман дод.
– Нияти нек ними давлат аст,– гуфтам ман баъди қироати қарор.
– Андешаҳои шуморо дар ин бора донистан мехостам.
– Чӣ хел андешаҳо?
– Оё гузаронидани кофтуков натиҷае медиҳад?
– Намедонам, вале гузаронидани чунин амали тафтишотӣ акнун ногузир аст.

пешина
аз 515
навбатӣ