Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чаро ӯ худро ошкор кардан нахост?
– Шумо ҳам вайро нағз мешиносед.
– Ман?
– Бале.
– Кӣ гуфт?
– Худаш.
– Ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.
– Боре дар маҳфиле ӯ ба шумо дарди дил намуда будааст.
– Дар бораи чӣ?
– Дар бораи духтараш.
– Ҳеҷ ба ёд оварда наметавонам.
– Духтарак худро аз ошёнаи панҷуми бино дар пеши чашми модар ба поён партофтааст.
– Акнун ба ёд овардам, ки зани тахминан чилу панҷ панҷоҳ солае боре аз рафти тафтишот изҳори нигаронӣ намуда гуфта буд, ки асрори марги духтараш нокушода монд.
– Вай дар марги духтараш аслан Беназир ва Сулҳияро гунаҳкор медонад.
– Далел дорад?
– Хеле баъд вай фаҳмидааст, ки духтараш ба чӣ корҳо машғул будааст ва сабаби ба худкушӣ даст задани ӯ чист.
– Хуш, ӯро чӣ сабабе будааст, ки ба чунин амал даст задааст.
– Як рӯз пеш аз ин ҳодиса зане худро аз ошёнаи ҳаштум ба поён партофтааст. Модаре, ки аз рафтори бади худ маргро алвотар донистаст.
– Яъне, ки шантаж.
– Бале.
– Ин ҳамааш натиҷаи муборизаи психологии давлатҳое ҳастанд, ки бо филмҳои фисқу фасод руҳияи ҷавононро коста месозанд. Ба ростӣ рӯҳияи инсон ниҳоят нозук аст ва чун нафс боло гирифт, ба ҳар роҳ рафтанаш мумкин.
– Мусоҳиби ман ашки надомат бар он рехт, ки дар тарбияи фарзанди ягонааш ба хаттогиҳо роҳ додааст.
– Симои он зан ҳанӯз дар пеши назарам аст. Бо ҳама дарду алам ба пиндори банда вай зани ҷасӯрест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор