Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиш гузоштанам ӯ худ ба истиқболам хест ва баъди салом курсиеро ба-роям нишон дод ва худаш ҳам дар муқобилам нишаста гуфт:
– Дирӯз банда бо Сабзинаи Дониёр забон як карда натавонистам.
– О, вай худаш дар манзилаш гуфт, ки либосҳои аз ҷевонаш ёфтшуда либосҳои Беназири Назир буданд.
– Дар он ҷо гуфт, вале чун ба ин ҷо омад, муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт.
– Шояд ягон талабу дархост доштааст.
– Не. Дар милиса то гузаронидани кофтуков булбулакаш хонд, вале баъди кофтуков ба лаб муҳр зад.
– Чангу ғубор ҳамеша пойдор нест ва аз пайи ҳар шоме, ки меояд боз саҳаре ҳаст.
– Албатта, вале кай мо ба он субҳи содиқ мерасем?
– Дамидани субҳи содиқ чандон дур нест.
– Чӣ ягон хушхабаре ҳаст?
Ман муфаттишро бо падидаҳои аввалини субҳгоҳи шинос намудам.
– Яъне ки Норматов сокини Ҷумҳурии Қазоқистон будааст?
– Бале.
– Аҷиб ки чӣ тавр шумо шахсияти вайро муайян намудед?
– Тариқи ҳамон дӯсти хайрхоҳи шумо.
– Чӣ?
– Он чӣ ки шунидед.
– Вай ба шумо телефон кард?
– Не, ман ҳамроҳи вай суҳбат доштам.
– Ӯро чӣ хел дарёфтед?
– Секрет фирмы.
– Ба ростӣ ман ҳамеша бар он ақидаам, ки милиса ба ҳар кор қодир аст.
– Ташаккур!
– Оё ман ба шумо нагуфта будам, ки овозаш чӣ хел шинос буд?
– Ҳа, гуфта будед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор