Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ба сардори ШКД – и ноҳияи Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милиса Воҳид Камол.
РКД шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номаи шумо таҳти рақами 8/279 аз 28.02. хабар медиҳад, ки расми тариқи телефакс ба суроғаи мо ирсол намудаатон акси сокини шаҳри Чимкент, кӯчаи Абай 16/3, ҳуҷраи рақами 19 Норматов Алихон Аслонович мебошад.
РКД шаҳри Чимкент аз 22 – юми июни соли гузашта Норматовро бо ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир ҷустуҷӯ дорад. Ҳуҷҷатҳои муфассалро оид ба фаъолияти Норматов худи ҳамин рӯз тариқи почта ба шумо мефиристем.
Илова нусхаи формаи №1– и Норматов А.А.
Сардори РКД– и шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, полковники милиса Қаландаров С.Р.
Ҳарчанд то омадани ҳуҷҷатҳои муфассал ба хулосаи дурусте омадан душвор буд, вале як чиз айён буд, ки Алихон Аслонович бо кормандони мақомоти милисаи ҷойи зисташ ҳам чандон муносибати хуб надоштааст. Дар ҳоле ки банда нусхаи шиносномаашро (формаи №1 дар назар аст) мавриди таҳлили худ қарор додам, ки занги телефон маро аз сари андешаҳоям берун овард...
Чун гӯшакро бардоштам овози муфаттишро шунидам ва гулӯ рушан намудам.
– Акбар Ҳакимович илтимос ба прокуратура биёед.
Новобаста аз он, ки бандаро дигар корҳо ҳам дар пеш буд, вале сухани муфаттишро рад карда натавонистам.
– Хуб шудааст,– гуфтаму гӯшакро ба ҷояш гузоштам.
Чун ба берун баромада, ба осмон чашм дӯхтам, танҳо галла – галлаи абрҳои парокандаро дидам. Болои сабзаю алафҳои паҳлӯи роҳ дигар қатраи шабнаме ҳам ба чашмам наменамуд, вале ҳаво он қадар тозаю озода буд, ки аз шамими он бӯйи мушку анбар меомад. Аз он чангу ғубори рӯзҳои пешин дигар ному нишоне намонда буд. Табиат нафаси осуда мекашид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор