Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Қатраҳои борони рӯйи сабзаву себарга монда дар зери нурҳои хуршеди ховар чун нигини алмос дар ангуштарини тилло ҷило медоданд. Борон акнун тамоми чангу гарди табиатро шуста бурда буд, вале на чангу гарди ҷамъиятро. Худованд бандагонашро аз ҳама чангу ғубори табиат эмин медорад, вале худи бандагон, ки хурдтарин мӯъҷизоте дар коинотанд ба ҳамин бузургии Офаридгори олам, ки аз ҳама беш ба худи онҳо аҳмият медиҳад, ҳол он ки худи инсон дар ин Галлактикаи бузург аз заррае беш нест, шукргузорӣ намекунанд...
Ман пой ба зинаҳои пеши бинои милиса гузоштам, ба биное, ки тамоми чангу ғубори ҷамъият то ба он ҷо меояд. Селобаҳои нопоки ҷамъият маҳсули дасти он худоношиносоне ҳастанд, ки пойбанди нафс гашта, аз худои худ фаромӯш сохтаанд. Тай ду даҳсола банда бо чунин афрод даст ба гиребонам ва аз парвардигори худ дар ин кор мадад меҷӯям, то моро бар рағми онҳое, ки баҳри нафс шуда, пушт ба сӯйи нур гардонидаанд, пирӯз гардонад.
Пой бар остонаи милиса гузошта, ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки имрӯз чӣ дастовардҳое моро дунболгир аст. Падидаи аввалине ки чун замбурӯғи баъди борон рӯйи саҳна омад, ин номаи ҷавоби аз шаҳри Чимкент буд, ки онро соати даҳ Ирина Сергеевна Ким ба дафтари кории банда овард.
Бояд гуфт, ки ягон ҳуҷҷате аз нигоҳи Ирина Сергеевна дур намемонад ва баробари номаро ба пешам гузаштан ӯ имзои каминаро барои рӯзи мабодо ба дафтари махсус гирифта, ҳамоно аз пайи кораш рафт. Новобаста аз он ки ман бояд ба прокуратура мерафтам, вале баъди гирифтани номаи ҷавобӣ аз шаҳри Чимкент лаҳзае боз тағофул намудам то бифаҳмам ҳамкоронамон аз Чимкент чӣ хабаре фиристодаанд. Ҳатто мактубро нахонда ба хулосае омадам, ки ҳамкоронамон дар шаҳри Чимкент аз дӯстони молдовиамон масъулиятшиностар буданд.
Баъди аз дар баромадани қосид (котиба дар назар аст) ман ба қироати нома пардохтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор