Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Гумон доред, ки Норматов фазои шаҳри Чимкентро ҳам ғуборолуд намудааст?
– Аниқашро намедонам, вале аз он ки Норматов тағйири но-му насаб намудааст, касро ба андеша водор мекунад.
– Майлаш, худи ҳамин рӯз ба РКД шаҳри Чимкент нома ирсол намоед.
Соате пас мо он нома баҳри имзо ба назди Воҳид Камол бурдем ва дар ҳоле ки офтоб ба ғуруб рафта буд, тариқи телефакс онро ҳамроҳи расми Норматов ба Чимкент фиристодем.
Чун ман сари субҳ аз хона барвақт баромада будам ба хотири Абдумаҷид аз сардори бахш рухсат пурсида, ба хона омадам. Наврӯз Умар дар рӯ ба рӯйи прокуратура аз ман ҷудо шуда, ба ёрии Фурӯғ шитофт…
Ҳарчанд то кунун Абдумаҷид пояшро ба заммин гузошта наметавонист, вале шиддати дарди ӯ нисбат ба шабҳои пеш паст шуда буд ва инро аз лаҳзаи вориди хона шуданам ман аз табассуми зебои ҷигарбандам дарёфтам. Ҳамин як табассум басанда буд, ки банда ҳама мондагии худро ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳам. Ҳамин як табассум кофӣ буд, ки ман боз ба оянда бо чашми нек нигарам. То посе аз шаб гузаштан ман ҳамроҳи Абдумаҷид сари суҳбат будам ва ҳар як сухани ӯ дар гӯшам чун мусиқии форам садо медод, мусиқие, ки ба ҷисму ҷони кас рӯҳ мебахшад...
... 36 ...
Нишонаи аввалини баҳор дар рӯзи ҷумъаи якуми март ин борон буд, ки бо дамидани субҳи содиқ чун раҳмати Парвардигор ба замин рехт. Чун аз хона баромадам, борон аллакай суръати субҳгоҳии худро гум карда буд, вале ба ҳаминаш ҳам шукр мебоист кард. Мардум кайҳо интизори борон буданд ва шояд дуои онҳо назди худои мутаъол мустаҷоб гашту дар рӯзи аввали саршавии баҳори фархундапай раҳмати худро ба рӯйи ҳамагон бирехт.
То ба идора омадани ман борон истод ва аввалин шуълаҳои офтоб пардаи абрро дарида, ҷамоли ҷаҳонорои худро ба мадди назари заминиён гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор