Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Аминам инкор намекунед, ки инҳо либосҳои Беназири Назир буданд.
– Не...
Бо амри муфаттиш боздоштшуда Сабзинаи Дониёрро ба дафтари кории муфаттиши прокуратура бурданд ва ману Наврӯз Умар ба идора баргаштем.
Моро лозим буд, ки аз натиҷаи вохӯрии банда бо Қурбони Амиршоҳ Воҳид Камолро огоҳ созам ва ба шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон алоқа барқарор намоем.
Сарвари ШКД дар тамоми рафти суҳбат боре ҳам сухани маро набурид ва банда гумон кардам, ки тамоми ҳушу ёди ӯ дар дигар самт аст...
– Норматов гуфтед?
– Ҳа Норматов Алихон Аслонович.
– Аз Ҷумҳурии Қазоқистон.
– Бале.
– Манбаи ахбор кист?
– Тортанак.
– Яъне ҳамон дӯсти қадимаи шумо ва полковник Амириён.
– Бале.
– Гуфтед, ки ӯ ҳамагӣ се моҳ боз дар шаҳр зиндагӣ дорад?
– Ҳамин хел аст.
– Мо ки як умр дар ҳамин шаҳр зиндагӣ дорему кор мекунем, дар давоми қариб ду ҳафта шахсияти раисро муайян карда натавонистем, пас чӣ тавр метавон бовар кард нафареро, ки қариб бист сол дар ҷумҳурӣ набудааст метавонад моро ба роҳи рост ҳидоят намояд?
– Он кас нуқтаи назари худро ба души мо бор карданӣ нест ва моро лозим аст, ки сари гуфтаҳои вай андеша намоем.
– То шахсияти Норматовро бо далелҳои қатъӣ муайян насозем, дар сатҳи боло барои ба Қазоқистон рафтани мо розигӣ нахоҳанд дод.
– Гумон мекунам, ки моро ба Қазоқистон ҳам рафтан лозим намешавад.
– Нисбат ба ҳамкорони молдавӣ ҳам чунин андеша доштем.
– Ин ҷо масъала тамоман дигар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор