Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар бораи ана ин акс чӣ гуфта метавонед?– ба акси марди муйлабдор ишора намудам ман.
– Ӯ дӯсти Алик ном нашъаҷалоб аст. Ба фикрам номи аслии он кас Абдулҳусайн ё Абдулҳафиз аст. Чанд рӯз пештар ман ана ҳамин Аликро ҳамроҳи тағои Сулҳия Амон Ҳотам дар меҳмонхона дидам, ҳа ҳамроҳи онҳо як милитсионери ҷавон ҳам буд. Ман ҳайрон шудам, ки чӣ тавр милитсионер шарм накарда ҳамроҳи ин ду нашъаҷалоб суҳбат дорад.
– Чӣ хел суҳбат?
– Ба ростӣ ман аниқашро нафаҳмидам, вале ба назар чунин менамуд, ки ҳамон милитсионер ба онҳо ҳисобот дода истодааст. Ин танҳо андешаҳои мананд ва хоҳиш мекунам ҳаргиз онҳоро чун далели шайъӣ қабул накунед.
– Ман алакай ба шумо ваъда додам ва метавонед осуда бошед. – Ба андешаи шумо марги Беназирро чӣ асрорест?
– Ба назари ман ӯ дар милиса барои чашмбандӣ кор мекард. Шуғли аслиаш бошад ҳамон амале буд, ки бо модари угайи Сулҳия раво дид.
– Дар бораи Сабзинаи Дониёр ном духтарак ягон хабар доред?
– Не.
Дар кушода шуду Наврӯз Умар ва Фурӯғи Шариф пой бар остонаи дафтари кории банда гузоштанд ва ман дилу бедилон аз байни андешаҳои худ берун шудам...
... 35 ...
Кофтуков дар манзили Сабзинаи Дониёр тафтишотро боз як қадам ба пеш бурд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки мо либосҳои гумшудаи Беназири Назирро дар ҷевони либосҳои ӯ ёфтем.
– Хуш, ба инаш чӣ мегӯед? Нимкуртаи рангаш кабуд ва камзулчаи моҳутдори рангаш сабзро бардошта, ба пеши чашмони Сабзинаи Дониёр наздиктар бурда,– пурсид муфаттиш.
– Ман гуноҳе надорам,– қариб, ки бо овози нимшунавое бигуфт Сабзинаи Дониёр.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор