Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Модари угай ҳам модар аст ва модоме, ки онҳо бо модар чунин бешарафиро раво дидаанд, пас куҷост кафолат, ки бегоназани роҳгумкардае аз нигоҳи онҳо эмин бошад? Албатта, фисқу фасодро ман тарафдор нестам, вале бо мақсади ғаразнок, ба шантаж даст задан аз худи он амали нопок нопоктар аст, ё чӣ хеле ки Хайёми бузургвор гуфтааст:

Ман бад кунаму ту бад мукофот диҳӣ,
Пас фарқ миёни ману ту чист бигӯ?

Ман итминони комил дорам, ки Фариза аз марги он зани ба дом афтонидааш хабардор шуда худ чунин як намуди маргро интихоб кард. Ба таври дигар гӯем Фаризаро Худо зад барои рехтани хуни бегуноҳе...
Чун ман огоҳӣ ёфтам, ки Беназирро паронидаанд аз телефон автомати пеши меҳмонхонаи «Вахш» ба муффаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф, ки боре аз суҳбаташ баҳра бурда будам, занг задам ва ба куҷо рафтанашро ҳидоят намудам. Сипас, бегоҳ як шогирдамро, ки ному насабашро аз шумо пинҳон медорам бояд гӯфт, ки вай ҳам дар тарабхонаи «Кайҳон» кору фаъолият дорад огоҳ намудам, ки аз қафои пешхизмат модари угаи Сулҳия назорат барад то бубинад бо кӣ вомехӯрад. Чун хабари вайро гирифтам, сари субҳ боз муфаттишро аз вохӯрии шабонаи шумо бо ӯ огоҳ намудам.
– Ман донистан мехостам, ки дар бораи марги иҷоранишин ба пиразан Рогозина Даря Сергеевна ки хабар додааст.
– Чӣ хеле гуфтам, дар се соли охир қариб ҳар як қадами Беназир ва Сулҳия дар зери назорати ман буд ва марде, ки дар кӯчаи Айнӣ ба ҳалокат расид, ба қавле додархонди ман буд.
Албатта, ӯ намефаҳмид, ки бандаро чӣ фикру андешае дар сар аст, вале ӯ чандин маротиба дар «Вахш» меҳмон шуда буд. Чун банда фаҳмидам, ки вай бо ҳарду дугонаи Фариза муносибати наздик дорад, бар хилофи қоидаҳои маъмули меҳмонхона ӯро бе ҳуҷҷат чанд маротиба ба «Вахш» ҷо ба ҷо намудам. Сипас ман худам суроғаи пиразан Рогозинаро ба вай додам, то дар кулбаи ин зани бекасу кӯй, ки ба ёрӣ муҳтоҷ аст, зиндагӣ намояд.

пешина
аз 515
навбатӣ