Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ман хело баъд фаҳмидам, ки дар тарбияи яккаву ягона фарзандам ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ додам, вале ҳамаи ин мушти баъди ҷангро ба ёд меовард, ки онро ба ҷуз дар сари худ дигар ба ҷое задан раво набошад.
Чун баъди ба поён «парвоз» намудани Фариза дар хонаи мо кофтуков гузаронида шуд ва далеле, ки сабаби ба чунин амал даст задани Фаризаро собит созад ёфт нашуд, ман ҳам ба тақдир тан додам. Тахминан баъди ҳашт моҳ ман аз хориҷи кишвар мактубе гирифтам. Аслан мактуб ба номи Фариза буд ва аниқ буд, ки номанавис аз ҳодисаи ба сари вай омада хабар надорад. Дар нома омада буд, ки маҳз бо гуноҳи вай модари онҳо худкушӣ кардааст ва Худо рӯзе Фаризаро низ барои ин кирдори пасипардагиаш, ки аз рӯйи пулу мол шуда хонаеро вайрон ва се тифли муштипари хонадонро сағир намудааст мезанад. Ҳарчанд дар он нома суроғаи аслии номанавис набуд, вале аз рӯйи мазмуни он ман фаҳмидам, ки он зан як рӯз пеш аз Фариза бо ҳамин шакл бо ҷаҳон падруд гуфта.
Баъдтар ман манзили он зан дарёфтам ва бо роҳи пардапушона бо наздикону пайвандонаш суҳбат намудам. Аз шунидани суханони онҳо мӯйи баданам рост шуд. Гуфтанд, ки кадоме расми он занро дар ҳолати урён бо марди бегона аксбардорӣ намудааст ва чандин маротиба бо роҳи шантаж аз вай пул ситонида аст.Чун зан дигар қобилияти пардохт намудани хизмати акосро гум намудааст, расми урён ба дасти шавҳараш расидаю маҳз ҳамин ҳолат сабаб шудаву зан худро аз ошёнаи ҳаштуми бино ба поён партофтааст... Мард се фарзандашро гирифта, аз чашми мардум дуртар гӯён ба хориҷи кишвар рафтааст...
Чун мусоҳибам муҳри хомӯшӣ ба лаб зад пурсидам:
– Баъд чӣ шуд?
– Албатта, ман он мактубро гирифта, ба милиса нарафтам, ҳаминаш намерасид, ки болои сухта намакоб пошам, вале баҳри муайян намудани асли кор ман кушиши зиёде ба харҷ додам. Пеш аз ҳама корро дар атрофи дугонаҳои Фариза ҷоннок намудам ва аз забони модари угайи Сулҳия, ки ному насабашро намегӯям шунидам, ки чӣ тавр ин ду гесубурида дар ҳазорон фарсах дуртар аз ин сарзаммин ӯро дар оғӯши ҷавоне аксбар-дорӣ намуда, вайро дар чашми падарашон сиёҳ намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор