Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Бунафша ҳамаи он расмҳоро болои миз гузошта гуфт:
– Фақат ин ҷо шарте ҳаст. Дар воқеъ Қурбон ҳамин шарти бандаро ҳам пазируфт.
– Гӯш мекунам.
– Гуфтугӯйи мо на бояд характери расмӣ гирад.
– Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
– Ҳар он чӣ ки аз забони ман мешунавед ин танҳо андешаҳои шахсии банда аст, ки ҳангоми гузаронидани таҳқиқи хусусӣ ба даст омадаанд ва агар дар асл гирем онҳо ҳамчун далели гунаҳкор намудани шахс хизмат карда наметавонанд, вале худи тафтишотро боварӣ дорам ба як маҷрои муайян ҳидоят мекунанд. Ба таври дигар гӯем, ҳамаи суханони ман санҷиши мукамалро талаб мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз банда на чун шоҳид, балки чун роҳбалад дар аввали сафар ба шумо ҳамкорӣ карданиям.
– Ман розӣ.
– Боварӣ дорам, ки гуфтугӯйи мо ба ягон асбоби сабти овоз навишта намешавад.
– Метавонед осуда бошед.
– Се сол пеш ҳамин шабу рӯз духтари ман Фариза дар синни бисту се солагӣ худашро аз ошёнаи панҷум бе ягон асос ба поён партофт...
Мусоҳиби ман лаҳзае хомӯш монд ва ман қатраҳои ашкро дар бари рухсори ӯ дидам. Афсӯс ба он хурдам, ки дарду доғи дили вайро дубора рушан намудам.
– Рафту ҳамин кор дар пеши назари худам рух намедод гумон мекардам касе барқасд ӯро ба поён партофтааст,– ашки дар бари рухсораш ҷаршударо пок намуда гуфт Бунафша.
Тафтишот оғоз шуд, вале киро гунаҳкор мекунӣ модоме, ки духтар худро бе калому бе салом дар пеши чашми модар аз боло ба поён партофтааст. Дар рафти тафтишоти на чандон тўлонӣ бо талаби ман дугонаҳои Фариза Эшонова Сулҳия Муродовна ва Беназири Назирро ҳам оварда пурсиданд, вале ба қавле онҳо ҳам аз марги худ хабар доштаанду аз асрори дили Фариза не. Умуман, тафтишот ба ҳодисаи мазкур аз паси панҷа нигарист ва сабаби аслии ба чунин ҳодиса даст задани Фаризаро наҷӯста бинобар набудани аломатҳои ҷиноят ба парванди мазкур хатти батлон кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор