Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Шояд ҳамин таҳқиқи хусусӣ буд, ки собиқ разведчик – дипломат то ба ӯ ҳамин хел тез роҳ ёфт. Бунафша худ иқрор шуд, ки то кунун чун Қурбони Амиршоҳ марде ба дили ӯ чунин тез роҳ наёфтааст.
– Дар як вохӯрии на чандон тулонӣ ман тамоми дарду доғи диламро ба рӯйи вай кушодам, бехабар аз он ки ӯ ҳама ин хабарҳоро барои шумо гирд оварда будааст, – ҳанӯз дар оғози суҳбат гуфт Бунафшаи Дороб.
– Ба фикрам ҳама гуфтаҳоятонро боз як бори дигар такрор карданатон лозим меояд.
– Чӣ Қурбон ба шумо нагуфт, ки чӣ саргузашти талхеро ман аз сар гузаронидам?– боз пурсид мусоҳибам.
– Не. Фақат гуфт, ки ба Бунафшабону метавонед чун ба худи ман бовар намоед.
– Дирӯз бегоҳӣ вай маро бовар кунонид, ки чун Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов инсонҳои дар роҳи ҳақиқат талош меварзидагӣ ангуштшуморанд. Истед, ки чӣ тавр вай маро дарёфт?
– Намедонам.
– Қурбон гуфт, ки ба тиҷорат машғул аст.
– Бале, ӯ тоҷир аст.
– Тоҷирро бо чунин асрорҳо чӣ кор?
– Ҳар созеро розест ва ӯро низ розҳои ниҳон дар замир аст.
– Наход?
– Бовар намоед.
– Рафту ба вай бовар намекардам, магар асрори марги Фаризаро мекушодам.
– Аминам, ки ба банда ҳам бовар мекунед.
– Модоме худи Қурбон кафил шуд, пас чӣ тавр бовар накунам.
– Қурбон бандаро ҳушдор сохт, ки ба ҳама суолҳоям метавонам посух бигирам.
– Ҳа, инро ман шунидам.
– Хуб мешуд, ки шумо аз рӯйи расмҳои дар дастатон буда бандаро ба рафти воқеаҳоро огоҳ мекардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор