Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бандаро ба ҷуз интизор шудан дигар чорае набуд, чунки рафти воқеаҳо гузаронидани кофтуковро дар манзили Сабзинаи Дониёр тақозо мекард. То омадани табар кунда меосояд гуфтагӣ барин ман ҳам ба курсӣ такя намуда, натиҷаи вохӯрии худро бо Бунафшаи Дороб пеши назар овардам.
Бо амри тасодуф буд ё қисмати яздонӣ, ки дар чунин марҳилаи тақдирсоз Бунафша рӯйи саҳна омад. Аслан дар бораи вай мо бисёр шунида будем ва ҳатто ӯро ба секунҷаи Бермут низ ташбеҳ дода будем. Дар баъзе ҳолатҳо ғоибона ҳам бошад вайро чун зани хайрхоҳ ёдовар шуда будем. Ӯ барои мо зане буд, ки чун хайр ба муқобили шар. Ба ростӣ худи банда ӯро дар сину соли Беназир ва Сулҳия тассавур намуда будам, вале акнун бо чашмони худ дидам зане, ки аз паси парда истода моро ба роҳи рост ҳидоят менамудааст, дар сину сол ду умри қаҳрамонҳои аслиро ёд медод. Дар лаҳзаи аввал ман худам ҳам ба гӯшаи хотир наовардаам, ки калиди ҳамаи муаммоҳои ба сари мо омада дар дасти ӯст, вале акнун боварии комил дорам, ки чун аз пайроҳаи нишондодаи вай қадам ниҳем ба каф овардани дури мақсуд ҳам чандон мушкил нест, ҳарчанд мегӯянд, ки ҷанги охир ҷанги мушкилтарин аст.
Чӣ хеле, ки собит шудааст дар дунё то кунун инсони неки мутлақ ё бади мутлақ зиндагӣ накардааст ва дар ин бозии қисмат Бунафшаро ҳам мақсаду мароми худ буд. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ӯ дар ҳодисаи ба худкушӣ даст задани духтари якаву ягонааш Фариза дугонаҳои вай Беназир ва Сулҳияро гунаҳкор мекард, ҳарчанд ин фикри шахсии худи ӯ буд ва дар рафти тафтишот гуноҳи дугонаҳои Фариза собит нашуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар чанд соли охир дили модари зор ором нашуд ва ӯ аз тадқиқотҳои худ даст накашид. Маҳз ҳамин ҳолат буд, ки тақдир ӯро чӣ бо Анори Зокир ва чӣ бо Фурӯғи Шариф рӯ ба рӯ намуд. Чун ӯро далели аслӣ дар даст набуд, ҳангоми суҳбати хоса бо Фурӯғ ному насаби дугонаҳои духтарашро пинҳон дошт. Ҳамин хел дар омади гап (чунки онҳо тасодуфан дар маҳфиле паҳлӯи ҳам нишаста буданд) аз рафти тафтишот изҳори нигаронӣ намуд. Бар хилофи муфаттиш собиқ ҳамсари Мурод Эшонов аз Сулҳия он қадар гила кард, ки дигар офтоб ҳам бо ҳама рушноияш ӯро ба чашми модари Фариза сафед карда наметавонист.

пешина
аз 515
навбатӣ