Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Баробари аз дари меҳмонхона бурун шудани Бунафша ман аз мавқеи то кунун ишғол намудаам бархестам, зеро тарсидам, ки мабодо дар байни аксбардорон нафаре чун Сайф Ниёз бошаду акси бандаро бо ҳамроҳи Бунафшабону барои «таърих» ба объектив ҷо диҳад.
– Бубахшед барои дер мондам,– гуфт Бунафша баробари дидани ман ва мо ҳарду ба тарафи дигари роҳ ба самти «Бонки миллӣ» газаштем. Аз истгоҳи рӯ ба рӯйи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба троллейбуси аввалин нишаста то пеши кинотеатри «Ватан» рафтем ва танҳо баъди ин Бунафша таклифи бандаро пазируфт, ки мо сари як пиёла чой дар қаҳвахонаи «Лола» суҳбат намоем. Қаҳвахона ҳам қариб холӣ буд ва мо ҳарду сари мизе дар кунҷи рост аз дари даромадгоҳ ҷо гирифтем. Пешхизмат омад. Банда ниҳоят гурусна монда будам, ба нею нестони Бунафша нигоҳ накарда хӯрок фармудам.
Бунафша ҳар чӣ гуфт қариб бовар накунам, вале рафти минбаъдаи тафтишот бо назардошти гуфтаҳои ӯ ҳаракат намуд...
... 34 ...
Ҳангоми пой ба остонаи бинои милиса гузоштан навбатдор бо садои худ бандаро ба тағофул намудан ҳидоят кард.
– Марҳамат, калидатонро гиред гуфт ӯ.
– Аллакай пурсиш тамом шуд? – ба ҷойи изҳори сипос намудан пурсидам ман.
– Тамом шуд.
– Онҳо дар куҷо?
– Онҳое, ки пул доштанд ба поезд нишаста рафтанд, бепулҳо дар Ватикан.
Ман ба ошёнаи дуюм баромада, баъди лаҳзае вориди дафтари кориам шудам. Чун ба курсӣ нишастам чашмам ба соати калони девории пушти дар бархӯрд. Ақрабаки соат ба 15 наздик мешуд.
Маълум буд, ки Наврӯз Умар ва Фурӯғи Шариф ба тановули нисфирӯзӣ рафтаанд. Сайф Ниёзу Сабзинаи Дониёр бошад дар ИВС омадани онҳоро интизоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор