Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чунин ранг гирифтани корро дида, худам ҳам ҳайрон шудам, вале дигар сухане ба забон оварда натавонистам.
– Баъди ним соат ман аз кор мебароям. Аслан сари субҳ мо навбатро месупорем, вале бо хоҳиши Қурбонҷон ман боз ду – се соати дигар ин ҷо мондам. Худи ҳозир ба нафаре, ки бояд навбатро аз ман қабул мекард, занг мезанам. Гумон мекунам, ки ӯ дар ҳамин муддат расида меояд. Шумо каме давр занед, пас ман бо шумо ҳамроҳ мешавам гуфт Бунафша.
– Боке нест гуфтам ман ва худ боз ба берун баромадам. Аз автомашинаи Қурбони Амиршоҳ дигар ному нишоне ҳам набуд. Ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеовардам, ки Бунафша чӣ хабаре ба ман хоҳад дод ва оё хабари ӯро қимате ҳаст ё на.
Банда ба саҳни пеши театри Опера ва билети ба номи Айнӣ баромадам ва ба яке аз курсиҳо нишастам. Аз ҷойи нишастам даромадгоҳи меҳмонхонаи «Вахш» баръало намоён буд. Новобаста аз он ки ҳанӯз моҳи феврал пурра сипарӣ нашуда буд, вале рӯз офтобӣ буд, ва аз рӯйи меъёр ин рӯз баробари рӯзҳои Наврӯзи солҳои гузашта гарм буд. Танҳо саҳни пеши меҳмонхона ва театри номии тоҷик дар ин рӯз як камбудӣ дошт, ин ҳам кор накардани фаввораҳо буд, ки ба ҳусни ин мавзеъ, ки пештар майдони 800 – солагии Москаваш ном мебурданд, ҳусни нав зам мекард.
Дар ин муддат ман бо Наврӯз Умар дар тамос шудам ва фаҳмидам, ки Сайф Ниёз дар бораи раис ва нафаре, ки ману Анори Зокир дар майдончаи қабати панҷуму шашуми бинои нуҳошёнае, ки бародари Сайф зиндагӣ мекунад дида будем, маълумоте надорад. Умуман, сардори бахши кофтукови ҷино-ятӣ гуфт, ки баъди рафтани банда Сайф Ниёз дигар ягон маълумоте, ки ба манфиати кор бошад надод ва ҳоло вай боз ба ИВС фиристода шудааст. Ҳамчунин Наврӯз Умар хабар дод, ки муфаттиши прокуратура то кунун дафтари кории вайро тарк накардааст.
Ба суоли сардори бахш, ки оё дар мулоқоти банда пешравие ҳаст ё не ман посухи инкор додам. Дар майдон аз ҳама зиёд ҷавононе буданд, ки асбобҳои аккосӣ чун шаддаи марҷон дар гардан ҳамоил омодаи аксбардорӣ буданд ва дар ним соате, ки ман омадани шиноси Тортанакро интизор будам панҷ ё шаш нафари аксбардорони навбаромад бандаро хоҳиши ба объективашон ҷо ба ҷо намудан карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор