Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай як даста гулро бо маблағи сад сомонӣ харидорӣ намуд ва мо ҳарду аз растаи гулфурушон берун шудем. Баробари аз гузаргоҳи зеризаминӣ баромадан мо ба самти кӯчаи Комсомол ҳаракат намуда, ба автомашинаи «ВАЗ 2109» нишастем. Чун Қурбон сари чанбарак нишаст гуфт, ки агар банда вақт дошта бошам ҳармоҳаш то ба оромгоҳи Сариосиё равам.
Ҳарчанд чунин вақт ҳам надоштам, вале хоҳиши ӯро рад карда натавонистам ва Қурбон муҳаррикро ба кор андохт.
Баъди бист дақиқа мо аллакай дар даромадгоҳи оромгоҳи Сариосиё шудем. Автомашинаро дар пеши оромгоҳ гузошта, худ он дастаи гулҳои тару тозаро бардошта, ба дохили қабристон ҳаракат намудем. Баъди боз даҳ дақиқа мо дар рӯ ба рӯйи манзиле, ки болои санги мармарин ному насаби шахси хуфта Амиршоҳи Одина кандакорӣ шуда буд, таваққуф намудем. Қурбон дастаи гулро пеши он манзил гузошт ва мо ҳарду сари по нишастем ва дӯсти ҷосуси ман сурае, ки дили Қуръони маҷид аст, сураи Ёсинро бо лаҳни ниҳоят ширин то ба охир қироат намуда, бо иловаи сураи Ихлос ба рӯҳу арвоҳи гузаштагони ҳамон оромгоҳ бахшид ва ман ҳам дар қатори ӯ омин гуфта даст ба рӯй кашидам.
– Имрӯз зодрӯзи қиблагоҳам, ба замми ин рӯзи пайшанбе, барои ҳамин ба ин ҷо омадам. Ба ростӣ мо бисёр дер дер ба қабристон меоем, изҳори нигаронӣ намуд Қурбон.
Мо боз бо автомашина нишастем ва ин даъфа ӯ автомашинаро дар назди меҳмонхонаи «Вахш» боздошт. Мо ҳарду аз автомашина фаромадем ва вориди меҳмонхона шудем. Маъмур зани тахминан чилу панҷ панҷоҳ солае баробари дидани мо аз ҷой бархест ва бо Қурбони Амиршоҳ гарм вохӯрӣ намуд.
– Бунафшабону ин кас Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов ба фикрам шумо аллакай ғоибона бо ӯ шинос ҳастед. Метавонед ба Акбар Ҳакимович чун ба худи ман бовар намоед.
– Албатта, гуфт Бунафша.
– Акбар Ҳакимович ба ҳамаи суолҳои додаатон аз бону Бунафша посух гирифта метавонед. Ҳа, дар воқеъ расмҳои ба ман додаатонро ҳам метавонед баъди суҳбат аз дасти ҳамин хонуми зебо пас гиред, гуфт Қурбон ва дар ҳамон ҷо бо ман худоҳофизӣ намуд.

пешина
аз 515
навбатӣ