Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ва аллакай он сад доларро гирифтед?
– Не.
– Кӣ бо шумо ҳисобу китобро баробар мекунад?
– Ҳамоне ки бандаро ба кор ҳидоят намудааст.
– Яъне Сабзина?
– Ҳа.
– Кай?
– Ҳар гоҳ, ки амалиёт натиҷаи худро дод, вале бояд иқрор шуд, ки онҳое расмҳои гирифтаи маро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор медиҳанд, боре ҳам бандаро фиреб накардаанд.
– Дар ин муддат соҳиби чанд доллар шудед?
– Ба фикрам нуҳсад ё ҳазор доллар.
– Дар шаш моҳи шиносоӣ ба фикрам ин маблағи кофист.
–Барои ман, ки донишҷӯ ҳастам басанда аст.
Занги телефон садо доду ман гӯшакро бардоштам. Чун Қурбони Амиршоҳ бандаро ба вохӯрии таъҷилӣ даъват намуд, пурсиши Сайф Ниёзро ба зиммаи Наврӯз Умар гузошта, бо розигии худи вай ба ҷойи вохӯрӣ рафтам...
... 33 ...
Дар истгоҳи Универмаги марказӣ аз нақлиёти шаҳрӣ фаромадам ва аз рӯйи дастури Қурбони Амиршоҳ ба тарафи гузаргоҳи зеризамминӣ ҳаракат намудам. Аслан ҳамин гузаргоҳ баъзан кӯчаи Арбати Маскавро ба ёд меорад. Ҳофизе бо гитара сурудҳои Владимир Висотскиро замзама мекард, аз ду тарафи зинаҳои ба поён мерафтагӣ савдогарон расмҳои гуногуни дар чаҳорчӯбаҳои зарҳалин бударо ба мадди назари роҳгузарон, ки аз дигар самт роҳро убур карда наметавонистанд, гузошта буданд. Ман аз зинаҳо ба поён рафтам ва ҳамагӣ як – ду дақиқа ба тамошои китобҳои нодир, ки нашриётҳои хориҷӣ пешниҳод намуда буданд, банд шудам ва баъд ба тарафи рости гузарогоҳ, ки растаи гулфурушон буд тоб хӯрдам.
– Хайрият, ки омадед, – баробари дидани ман гулӯ рушан кард Қурбон Амиршоҳ, ки бо гулфуруше сари баҳс қарор дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор