Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гумон доред, ки он кас медонад?
– Чизе гуфта наметавонам. Аҷаб нест, ки ӯ ҳам чун худи ман бозичаи дасти дигаре бошад.
– Гӯед, ки шаби 16 – ум ба 17 – уми феврал дар куҷо будед?
– Ман аксари шабҳо дар хобгоҳи донишҷӯён мешавам ва аҷаб нест, ки он шаб ҳам дар хобгоҳ набошам.
– Он шаб шумо дар хобгоҳ набудед?
– Шумо аз куҷо медонед?
– Мо аллакай ҳамаашро санҷидем ва аниқ медонем, ки шумо дар хобгоҳ набудед.
– Модоме ки медонед ман дар куҷо будам?
– Ҳамроҳи Сабзина будед.
– Рафту онрӯз бегоҳӣ шанбе ба якшанбе бошад, гапи шумо дуруст.
– Айнан бегоҳӣ шанбе ба якшанбе буд.
– Набошад нависед, ки ман ҳамон бегоҳ ҳамроҳи Сабзина будам.
– Мо аслан ҳеҷ фаҳмида натавонистем, ки чаро Сабзина барои гирифтани аксаш пой ба манзили бегона ниҳод?
– Дар аввалҳои моҳи феврал ман дар кӯча Сабзинаро ҳамроҳи як духтараки дигар дидам. Онҳо қариб, ки ба ҳам монанд буданд. Бо хоҳиши Сабзина ман онҳоро аксбардорӣ намудам.
Дишаб соати бисту ду ҳангоме, ки вай занг зад дар бораи ҳамон аксаш пурсон шуд. Ман гуфтам, ки ҳамон акс дар хонаи бародарам Беҳрӯз аст, вале дар он хона касе нест. Ӯ аз ман илтиҷо намуд, ки ҳамон расм ба ӯ лозим шудааст. Ман бошам гуфтам, ки фардо ба он ҷо рафта, расмро оварда ба вай медиҳам, вале Сабзина ду пойро дар як мӯза андохтанӣ шуда гуфт, ки наход ба ӯ бовар накунам. Сипас вақте ки ман ба «офис» мерафтам бо маслиҳати пешакӣ соати бисту дуву даҳ дақиқа мо дар чорроҳаи пеши собиқ «Олами кӯдакон» бо ҳам вохӯрдем ва ман калиди хонаи бародарам Беҳрӯзро ба дасти вай додам.
– Чаро худи шумо ҳамроҳи вай нарафтед, охир аз пеши собиқ «Олами кӯдакон» то манзили бародаратон ҳамагӣ ду истгоҳ роҳ буд?
– Вақт ниҳоят танг буд ва ман бояд илоҷе намуда, пеш аз меҳмонон дар офис мешудам. Гуфтам, ки барои як сурат шуда, ман наметавонистам аз сад доллар, ки меҳнати якшабаам аст даст кашам.

пешина
аз 515
навбатӣ