Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Расо соати бисту ду ба ман Сабзина занг зада гуфт, ки ба офис равам ва омодаи кор шавам.
– Чӣ хел кор?
– Чӣ хеле гуфтам ҳамаи онҳое, ки пой бар остонаи он хонадон мегузоранд, аз нигоҳи объектив берун намемонанд.
– Номзадҳоро кӣ мефиристад?
– Инашро ман намедонам.
– Аз он ду нафаре, ки шаби гузашта, ба нигоҳи объектив афтидаанд, кадомаш мавриди истинтоқи шумо қарор мегирад?
– Ба фикрам ҳамон зан.
– Боз мегӯед, ки банда чизеро дар ин бора намедонам.
– Боре Сабзина гуфт, ки кушиш ба харҷ деҳ, то симои ҷинси латиф ба объектив дурусстар афтад, чунки маҳз ӯ метавонад меҳнати моро қадр намояд.
– Ҳоло он расмҳо дар куҷоянд?
– Ҳамааш дар сейф.
– Ки онҳоро мавриди доду гирифт қарор медиҳад?
– Намедонам.
– Ҳақи хизмати худат?
– Сад доллар аз ҳар як вохӯрии ба объектив афтода.
– Яъне кори дишабаат сад доллар ё гапам нодуруст?
– Дуруст.
– Дипломатро аз куҷо гирифтед ва бо амри кӣ?
Дишаб Сабзина ҳангоми гуфтугӯйи телефонӣ хоҳиш намуд, ки дар сейф, бояд иқрор шуд сейф дар девор, дар зери харитаи сиёсии ҷаҳон ҷо ба ҷо карда шудааст, як дипломат ҳаст ва ман баъди гусели меҳмонон бояд онро гирифта аз телефонавтомати назди матбааи №1 бо телефони рақами 93594098... занг занам ва дар асоси супориши ҳамоне, ки ба занги телефониам посух мегӯяд, амал намоям. Дар ин бора шумо худ шоҳид будед, ки банда айнан чунин рафтор намудам. Чун дипломат қулфи рақами дошт, ман онро накушодам. Бояд гӯям, ки ба ҳар амале, ки даст задам ба хотири муҳаббат даст задам.
– Мо донистан мехостем, ки оё ҳарду мизоҷ аз асрори объектив бехабаранд ё як нафари онҳо.
– Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Беҳтар мешуд, ки ҳамаи инро аз Сабзина мепурсидед.

пешина
аз 515
навбатӣ