Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бале.
– Ба суоли то ба ин дам додаи шумо чунин нишондод медиҳам, ки дишаб бо амри бонуе, ки акнун аз худ фаришта тарошиданист ба кӯчаи Академикҳо рафтам. Дар ҳақиқат то ҷое ҳақ ба ҷониби ӯст, ки бандаро дар суратгирӣ муттаҳам карданӣ шудааст. Инкор кардан ҳам дигар маъние надорад. Рафту агар шумо ба он хона равед хоҳед дид, ки яке аз ҳуҷраҳои он ки дари фулодин дорад, чӣ тавр ба воситаҳои техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шудааст. Бояд иқрор шуд, ки ҳуҷраи мазкур, ки аслан корхонаи аксбардориро мемонад, то давраи шиносоии ман ба Сабзина амал мекард. Дар шаш моҳи охир бошад бо дархости бевоситаи ӯ банда супоришҳои онҳоро иҷро мекунам.
– Онҳо гуфта киро дар назар доред?
– Ҳавлие ки дишаб банда дар он ҷо будам, ба кадом як корманди идораи авиатсияи гражданӣ тааллуқ доштааст. Чун он кас ба дигар шаҳр кӯчида рафтааст, духтараш хонаро ба иҷора мондааст. Ман аллакай гуфтам, ки соҳиби хонаро боре ҳам надидаам ва на ҳама он ихтирооте, ки дар ҳавлии мазкур аст, маҳсули андешаҳои бандаанд.
– Хизмати худатонро шарҳ диҳед?
– Боре Сабзина аз беназорат будани ҳавлии дугонааш изҳори нигаронӣ намуд ва ман роҳи ҳалли ин муамморо пайдо намудам.
– Яъне ки ба ҷойи саг овози ӯро паси дарвоза ҷо ба ҷо намудед.
– Ҳа.
– Ҳозир худ шунидед, ки маҳбубаатон шуморо шантажист гуфт. Баҳри дифои худ чӣ далеле пеш оварда метавонед.
– Дар амалиёти мазкур банда танҳо нақши аксбардорро иҷро намудаам.
– Яъне ки чунин ҳолатҳо буданд?
– Инкор намекунам.
– Нисбат ба онҳое, ки дишаб меҳмони он хонадон буданд, чӣ гуфта метавонед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор