Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Чаро вай худаш нею шуморо ба хонаи бародараш фиристод?
– Чунки ӯро кори аз ин ҳам муҳимтаре дар пеш буд ва акнун ман ба хулосае омадам, ки ӯ боварӣ доштааст, ки хонаи бародараш дар зери назорат будааст.
– Кори муҳим гуфта чиро дар назар доред?
– Ба ростӣ ин таърихи ниҳоят дарозест.
– Ман ба ягон ҷо шитоб надорам, ба фикрам шумо ҳам ба наздикӣ аз ин маҳал берун шуда наметавонед, бо овози бурро бигуфт муфаттиш.
– Ҳамааш аз рӯйи ҳамон касофати Сайф шуд. Охир ман аз куҷо медонистам, ки ӯро чӣ фикру хаёле дар сар аст.
– Ба суоли банда ҳанӯз посух нагуфтаед?
– Ба кадом суолатон?
– Гуфтед, ки ӯро кори муҳиме буд ва он корро таърихи ниҳоят дарозест?
– Сайф аслан аз рӯйи касби суратгирӣ умр ба сар мебарад аминам, ки маро мефаҳмед.
– На он қадар.
– Ӯ тариқи расмҳои гирифтааш гоҳ – гоҳ ҳамёни баъзеҳоро меафшонад, акнун фаҳмидед?
– Шояд рушантар карда гӯед.
– Пусткандаи гап ҳамин, ки ӯ ба шантаж машғул аст.
– Дурӯғ, ҳамааш дурӯғ, қариб ки дод зад Сайф Ниёз.
– Ором шавед!
– Магар баъди чунин туҳмати рӯйирост ором шудан осон аст.
– Агар суханони маҳбубаатонро туҳмат пиндоред, пас куҷост ҳақиқат? – гӯён муфаттиш аз дафтари кории ман бадар рафт. Дар фазои дафтари кории банда, лаҳзае боз хомӯшӣ ҳукумфармо гашт. Ман бори дигар ҳамаи ҳуқуқҳои гумонбаршударо баҳри вай такрор намудам.
– Яъне ки ман метавонам баҳри собит намудани дараҷаи бегуноҳии худ далелҳо пеш оварам ва баҳри санҷиши ҳолатҳои кор, ки метавонанд бегуноҳии маро собит намояд, талабу дархостҳо намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор