Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Агар ман мефаҳмидам, ки дар дохили дипломат чунин мавод ҳаст, ҳаргиз онро ба даст намегирифтам,– ба ҳимояи худ бархост гумонбаршуда.
– Дар ин бора барвақттар андеша намудан лозим буд,– гуфт Наврӯз Умар.
– Ба ростӣ ман аз мурдани худ хабар дораму аз маводи дар дохили дипломат буда не.
– Мо бовар мекунем агар...
– Агар чӣ?
– Агар ба тафтишот ёрӣ диҳед аниқтараш бигӯед, ки дишаб бо амри кӣ ба ҳамон хонаи гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо ташриф овардед? Мақсади аслии он ташрифатон чӣ буд?
Дипломатро аз куҷо гирифтеду чаро онро ба боҷхонаи роҳи оҳан бурдед?
Сайф Ниёз баъди шунидани ин суолҳо нигоҳашро аз нигоҳи банда гурезонида, сар ба зер афканд. Вале мо ӯро яку якбора ба посух гуфтан маҷбур накардем. Вазъи ӯро ҳам фаҳмидан лозим буд. Пеш аз посух гуфтан ба суолҳо вай бояд ҳама тарафҳои корро чӣ аз нуқтаи назари мусбӣ, ки бар фоидааш буд ва чӣ аз нуқтаи назари манфӣ, ки ба ӯ зиён меовард, дар мизони ақл бармекашид ва барои ҳамаи ин бошад вақт лозим буд. Аз байн даҳ дақиқа гузашт, вале ӯ ҳанӯз сари андешаҳои худ ғута мезад. Дар дақиқаи дувоздаҳум боди мухталифе ба туғёни дарёи азим, ки Сайф Ниёзро ба гирдоби худ кашида буд ҳамроҳ шуда, ӯро ба соҳил партофт.
Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар дафтари кории Наврӯз Умар гумонбаршудаи дигар Сабзина қариб аз худ мӯсичаи бегуноҳ тарошида, ҳама гуноҳро ба гардани Сайф Ниёз бор кардан мехост. Чун муфаттиши прокуратура нишондоди гумонбаршуда Сабзинаи Дониёрро ба лентаи овоз сабт менамуд, ӯ нигоҳбони боздоштшуда Сабзинаи Дониёрро ба зиммаи милисаҳо гузошта, лаҳзае бо он сабти овоз ба дафтари корӣ, ба ёрии мо омад.
Ба ростӣ дар аввал худи мо ҳам чизеро пайхас накардем, вале чун Фурӯғ ба курсӣ нишасту тагмачаи диктофони дар дасташ бударо пахш кард, дар фазои дафтари кории ман овози Сабзинаи Дониёр, ки сараввал худро Сабзинаи Ниёз гӯён муаррифӣ намуда буд, танинандоз гашт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор