Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун пурсиши Сабзинаро ба таъхир андохтан мумкин набуд, дар дафтари кории Наврӯз Умар баҳри муфаттиш шароит фароҳам оварданд.
Ҳамзамон Воҳид Камол аз рӯйи мақоли колаи бад ба соҳибаш насиб кунад, амал намуда пурсиши донишҷӯйи факултаи физикаро, ки аз рӯйи амали вай аллакай ҳамкорамон Са-лим Ворис ба варта афтида буд, ба зиммаи Наврӯз Умар ва банда вогузошт. Баъди аз дафтари кории Воҳид Камол берун шудан, дар ҳолате, ки мо ҳанӯз тамокуи ба лаб гирифтаамонро то охир накашида будем, милитсионере, ки дар ИВС адои хизмат мекард ҳамроҳи ёрдамчии навбатдор дӯсти ихтирокорамонро ба дафтари кории банда оварданд.
Баъди гузориши расмӣ онҳо боздоштшударо ба зиммаи ману Наврӯз Умар гузошта, худ дарро аз самти муқобил бастанд. Дар милиса аслан ҳар фард вазифаи худро адо мекунад ва боз ҳастанд ҳолатҳое, ки дасти рост ба чӣ кор машғул аст дасти чап намедонад. Рафтори ҳамон лаҳзаинаи ёрдамчии навбатдор ва милисаи дар хизмати шахсони ИВС бу да мақоли халқии «ё кунда кафад, ё ҷувоз» – ро ба ёд меовард. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, моро лозим буд, ки ҳам кундаро ҳифз намоему ҳам тири онро ва ба замми ин аз гардиши тири дар дохили кунда даврзананда равғани пок ба даст оварем...
Чун ба чанд суоли аввалини худ посух гирифтем, ба хулосае омадем, ки ҳарду нафари ин субҳ ба дом афтида, ҳалқаҳои як шаддаанд. Дӯсти субҳгоҳии моро ки се соат қабл бо вай суҳбати сарироҳӣ доштем Сайф Ниёз ном будааст. Бародари хурдии Беҳрӯз Ниёз.
Пеш аз оғози суҳбат мо ӯро чун гумонбар дар интиқоли маводи мухадир бо ҳуқуқҳояш шиносонидем.
– Чӣ хел маводи мухадир? – ҳайрон шуда пурсид гумонбаршуда.
Ба вай фаҳмонида додем, ки гурӯҳи дигари кории милиса ҳангоми аз хоначаи рақами бисту ҳашти боҷхонаи Роҳи оҳан гирифтани дипломати мондаи ӯ нафареро, ки барои гирифтани он дипломат омада буд, дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии дипломати мазкур аз дохили он ба миқдори панҷ килограмму шашсад грамм маводи сахттаъсири нашъаовар, ки аз рӯйи намуд ва бӯяшон ба героин монанд буд, дастгир намудаанд.

пешина
аз 515
навбатӣ