Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шумо аз ҳамин лаҳза чун гумонбар дар марги лейтенанти милиса Беназири Назир боздошт мешавед,– гуфт муфаттиши прокуратура ва ба лейтенанти милиса Садриддини Сайдраҳмон супориш дод, ки боздоштшударо то бинои милиса гусел намояд.
Баъди рафтани лейтенант Садриддини Сайдраҳмон ва сержанти милиса Мирзо Шараф мо боз лаҳзае дар манзили Беҳрӯз Ниёз мондем, то ба чанд суоли дигари худ аз ҳамсояҳо ҷавоб бигирем.
Вақте ки ба идора омадем, хабари боздошти Салим Ворисро шунидем. То ҷое, мо иттилоъ гирифтем Салимро корман-дони хадамоти бехатарии вазорат ҳангоми аз хоначаи рақами бисту ҳашти боҷхонаи Роҳи оҳан гирифтани дипломате, ки дар дохилаш панҷ килограмму шашсад грамм маводи сахтаъсири нашъаовар (героин), дастгир намудаанд, вале ҳамаи ин ҳанӯз анҷоми кор набуд.
Сарвари милиса андешаи онро дошт, ки кормандони хадамоти бехатарии вазорат ҳангоми боздошти Салим бо шитобкорӣ роҳ додаанд, вале чӣ хеле ки худи эшон иқрор шуд:
– Қанд ҳам хурдӣ дам мазан, фанд ҳам хурдӣ дам мазан...
... 32 ...
Гузаронидани кофтуков дар манзили Беҳрӯз Ниёз нигоҳи моро ба рафти тафтишот ба куллӣ тағйир дод. Ҳарчанд то кунун боздоштшуда ҷавонзане, ки худро Сабзина муаррифӣ намуда буд, ба таври расмӣ пурсида нашуда буд, вале мақсади ташрифи вай ба манзили бегона дигар ба ягон шарҳу эзоҳ эҳтиёҷ надошт.
Аниқтараш айёнро дигар ҳоҷат ба баён набуд ва он расми аз дохили китоби «Занҳои Кремл» берун омада худ ифшогари асрорҳои пасипардагии ҷавонзан буд.
Дар дафтари кории сарвари ШКД бо иштироки муфаттиш Фурӯғи Шариф сари ҳамин масъала баҳси на чандон тулоние оғоз шуд ва ҳозирин ба хулосае омаданд, ки ҳарчӣ тезтар шахсияти боздоштшударо муайян намуда, дар манзили зисташ кофтуков гузаронанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор