Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пеш аз ба суолатон посух гуфтан банда мехоҳам аз забони худи шумо таърихи ин аксро шунавам. Ҳама гуна пофишорӣ ин баробари теша бар пой худ задан аст. Ман донистан мехоҳам, ки чӣ тавр расми шумо ба ин хонадон афтидааст.
Ҳамчунин бигӯед, ки калидҳои ин хонадонро аз куҷо гирифтед ва бо амри кӣ ба ин ҷо ташриф овардаед?
– Ҳамааш ҳамин?
– Ҳамин.
– Маро дӯсте ҳаст номаш Сайф, бародари Беҳрӯз мешавад, калидҳо ва ҳамчунин суроғаи ҳамин хонаро ман аз вай гирифтам.
– Кай?
– Шаби гузашта.
– Соати чанд?
– Соатҳои бистуду.
– Чаро шабона ба ин ҷо наомадед.
– Чунки нахостам таваҷҷӯҳи мардумро нисбат ба худ зиёд намоям.
– Чаро Сайф Ниёз худаш нею шуморо ба ин ҷо фиристод?
– Дишаб вақте ки мо аз ҳам ҷудо шудем, ӯ калидҳои хонаи бародарашро ба ман дода гуфт, ки то соати шашу сӣ дақиқаи субҳ бармегардад ва мо ҳарду якҷоя ба хонаи бародараш ташриф меорем. Намедонам аз чӣ бошад, маро ҳушдор сохт, ки агар дар ҳамин муддат барнагаштам худат ягон илоҷ намуда, рафта аксро аз байни китоби «Занҳои Кремл» мегирӣ.
– Чунин амалро сабабаш чист?
– Бояд гуфт, ки шумо аз ман беҳтар сабаби ин амалро медонед.
– Инкор намекунам, вале хуб мешуд, ки худи шумо сабаби ташрифи худро дурустар шарҳ медодед.
– Беҳтараш маро ҳабс намоед.
– Агар ҳамин хел пофишорӣ намоед, моро илоҷи дигар намемонад.
– Ман аллакай суханамро гуфтам.
Чун мо дар он манзил дигар нишоне аз ҷиноят наёфтем, ба таври расмӣ ба кофтуков хотима гузоштем.

пешина
аз 515
навбатӣ