Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун ҷавонзан ба даҳон об гирифта буду ба ягон суоли мо ҷавоб гуфтан намехост, бо амри муфаттиши прокуратура мо ба кофтуков оғоз намудем. Мо дар ин амали худ ҳадафи асли надоштем ва шояд ҳамин ҳолат корро душвор мекард. Аз се ду ҳиссаи хонаро такуру намудему чашми Сабзина напарид, вале...
Чун рӯй ба ҷевони китобҳо, ки дар байни онҳо фитаҳо ҳам буданд овардем, симои ҷавонзан тағйир ёфт. Дигаронро намедонам, вале банда дар ниҳоди Сабзина агар ӯро дар ҳақиқат чунин ном будӣ ҳаяҷонеро ҳис намудам. Андешаҳои худро дар ин бора оҳиста ба гӯши сарвари гурӯҳ расонидам.
– Ягон саҳфаи китоб аз мадди назаратон дур намонад, фитаҳоро бошад ба таври расмӣ мегирем, то мутахассисон ҳамаи онро аз назар гузаронанд гуфт Фурӯғ.
Дар байни яке аз китобҳо ки «Занҳои Кремл» ном дошт, мо расмеро дарёфтем, ки Сабзина ҳамроҳи Беназир буд. Дар тани Сабзина айнан борони сафед буд, ҳамранг ба ҳамон бороние ки Беназир ҳадафи тир қарор гирифта.
Дар пушти расм 03.02... Душанбе сабт гардида.
– Ба фикрам ҳамин акси шумост? – ба тарафи Сабзина нигариста гуфт муфаттиш.
Ҷавонзан сухане ба забон наовард.
– Мехостам бигӯед, ки дугонаатонро чӣ ному насабест, боз лаҷоми суханро ба даст гирифта пурсид Фурӯғ.
...
Бубин аз рӯйи як расм шуда чӣ хел худро ба дом андохтед.
Худованд ҳамеша ростиро дӯст медораду ростгоронро даст мегирад ва шумо, ки ба фикрам ҳаргиз бо пайроҳаи рост қадам наниҳодаед бо амри тақдир имрӯз бо пой худ ба хонае ташриф овардед, ки дар чандин рӯзи охир дар зери назорат буд, – гуфт муфаттиш.
– Ман гуноҳе надорам, ниҳоят инони ихтиёр аз даст дода, муҳри хомӯшӣ аз лаб бигирифту ба ҳимояи худ дасту остин барзада гуфт боздоштшуда.
– Шояд гуноҳе надошта бошед, вале бояд арз намоям, ки ҳамин пофишориҳоятон басанда аст, андешаҳои моро нисбат ба худ манфӣ гардонед.
– Чӣ хел?

пешина
аз 515
навбатӣ