Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Беҳрӯз Ниёз хоҳар надорад. Ӯ ду бародар ва як апа дорад. Ман ҳамаашонро мешиносам.
– Чун ин кас дарро аллакай кушодааст, мо мехоҳем як маротиба вориди хонаи ҳамсояатон шавем.
– Ихтиёратон.
– Мехостем то омадани муфаттиш бо мо бимонед.
– Ман ба ягон ҷо шитоб надорам. Хуб мешуд, ки то омадани муфаттиш ба кулбаи ман медаромадед ва як пиёла чой мегирифтед.
– Беҳтараш ҳамин ҷо омадани муфаттишро интизор шавем.
– Ихтиёратон.
– Хуш, Сабзинабону ба инаш чӣ мегӯед? – пурсид Наврӯз Умар.
...
Чун аз санг садо омаду аз оне ки пой бар остонаи хонаи бегона ниҳода буд не, мо низ то омадани муфаттиши прокуратура ӯро сари андешаҳои бе сару нугаш танҳо гузошотем.
Баъди бист дақиқа Фурӯғи Шариф бо мо ҳамроҳ шуд ва баъди гузориши банда, дар иштироки ду холис, ки Садрддини Сайдраҳмон аз ошёнаи ҳаштум даъват намуд, мо вориди хонаи
Беҳрӯз Ниёз шудем...
... 31 ...

Бар хилофи андешаҳои пештараи ман хонаи Беҳрӯз Ниёз тозаву озода менамуд. Тозаву озода ба андозае, ки бинанда ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеовард, ки дар як моҳи охир дари хона баста асту дудаш кушта. Ба ростӣ аз дидани чунин манзара дили ман фишурда шуд ва зери лаб ҳатто ба прокурор аҳсан гуфтам, ки кофи набудани далелҳоро сармашқи кори худ намуда, ба кофтукови манзили мазкур рухсат надод. Ҳатто дар ҳолате ки ин ҷавонзани боздоштшуда, ки худро Сабзинаи Ниёз муаррифӣ намудаву кори моро барои воридшавӣ ба манзили Беҳрӯз Ниёз осон кард, мо ба анҷоми неки кор боварӣ надоштем, ҳарчанд айён буд, ки дар ин субҳи содиқ ҷавонзан бе ҳадафи муайян пой бар ин остона нагузоштааст.

пешина
аз 515
навбатӣ