Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба хонаи бародаратон.
– Не, беҳтараш маро ба милиса баред.
Наврӯз Умар маро ба зинаҳои поён бурда гуфт:
– Чӣ бояд кард?
– Шояд муфаттишро ҷеғ занем.
– Гумон доред, ки ягон нишонае дармеёбем?
– Намедонам, вале мо чизеро бой намедиҳем.
– Майлаш ман розӣ.
Ман бо телефон Фурӯғи Шарифро огоҳ намудам, ки нафаре қасди ба хонаи Беҳрӯз Ниёз даромадан намудааст.
– Шефи мо медонад?
– Оне, ки ба хонаи Беҳрӯз Ниёз қасди даромадан намудааст, кори шефатонро хело осон намудааст.
– Дарро кушодааст гӯед.
– Бале.
– Интизор шавед, меоям.
Ману Наврӯз Умар боз ба майдончаи ошёнаи нуҳум баромадем ва бо Сабзина сари баҳс қарор гирифтем...
Дар ҳамин асно дари фулодини тарафи рост даре, ки то ҳанӯз соҳибаш дар рӯйхати гумонбаршудагон буд, кушода шуд ва соҳибхона ҳамон зане, ки анорҳои пеши бараш хамири аз карсон фурурехтаро мемонд, чун нишоне аз зиндагӣ ба рағми марг берун омад...
Анори Зокир моро пушти дараш дида, каме дасту по хӯрд, вале ҳамоно худро ба даст гирифта, салом дод ва моро ба хонааш ба як пиёла чой таклиф намуд.
Чун ӯ ба мусоҳиби мо, ки аз ҷинси худаш буд, таваҷҷӯҳе зоҳир накард, ба хулосае омадем, ки ӯро намешиносад.
– Оё ҳамин касро намешиносед? Сабзинаро нишон дода гуфтам ман.
– Не, чӣ буд?
– Ин кас ҳангоми даромадан ба ҳавлии ҳамсояи шумо Беҳрӯз Ниёз боздошт шудааст.
– Чӣ хел ҳангоми даромадан?
– Ҳамин хел оддӣ бо калид дарро кушодааст ва акнун ду пойро дар як мӯза андохта, исбот кардан мехоҳад, ки хоҳари Беҳрӯз Ниёз аст.

пешина
аз 515
навбатӣ