Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рафту...
– Дар он сурат мо маҷбур мешавем, ки шуморо то муайян намудани шахсиятатон боздошт намоем.
– Маро?
– Ҳа, шуморо.
– О, ман гуфтам, ки хоҳари Беҳрӯз Ниёз мешавам.
– Шумо гуфтед, ман гуфтам, ин ҳанӯз далел шуда наметавонад.
– Далели чӣ?
– Далел, ки шумо хоҳари Беҳрӯз Ниёз ҳастед.
– Яъне ки шумо ба Сабзинаи Ниёз будани ман боварӣ надоред?
– Надорем. Агар хоҳед ҳамсояҳоро мепурсем.
– Не, лозим нест.
– Агар дар ҳақиқат хоҳари Беҳрӯз Ниёз бошед, бояд ҳамсояҳояш шуморо шиносанд.
– Агар маро боре ҳам надида бошанд чӣ?
– Чунин шуданаш ғайриимкон аст.
– Ман чанд маротиба дар ин хонадон будам, вале боре ҳам ҳамсояҳои бародарамро надидам.
– Акнун мо маҷбур мешавем, ки онҳоро бо шумо шинос намоем.
– Лозим нест.
– Рафту ҳамсояҳо тасдиқ намоянд, ки шумо хоҳари Беҳрӯзи Ниёз ҳастед мо барои ворид шудан ба хонае, ки шумо нияти даромадан намудед монеъ намешавем.
– Агар тасдиқ накунанд чӣ?
– Дар он сурат шуморо барои ба манзили бегона пой ниҳоданатон боздошт намуда ба милиса мебарем.
– Бе ин намешавад?
– Намешавад.
– Набошад маро боздошт намоед.
– О гуфтед, ки хоҳари соҳибхона ҳастед.
– Гуфтам, вале шумо бовар намекунед, модоме ки боварӣ надоред, маро боздошт намоед.
– Шояд моро ба хона таклиф намоед?
– Ба хонаи кӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ