Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чун лифт кор намекард, мо зинаҳои зиёдеро ба қафо гузошта боло баромадем. Нисбат ба ду дафъаи гузашта, ки банда ҳамин зинаҳоро ҳамроҳи Анор паймуда будам, ин дафъа то ба боло баромадан қариб диққи нафас шудам.
Садриддини Сайдраҳмон баробари дидани мо аз камингоҳи худ поён фаромад ва дар майдончаи ошёнаи нуҳум ба Наврӯз Умар гузориш дод.
– Ҳоло он кас дар куҷо?
– Дар он ҷо, – боз ба тарафи боло ба тарафи зинаҳое, ки ба рӯйи бом мерафтанд ишора намуда гуфт вай.
– Ӯро ба ин ҷо даъват намоед.
– Сержант Сурхов гумонбаршударо ба поён биёред,– овоз рушан кард нозири минтақавӣ.
Лаҳзае пас ҷавонзани бисту се бисту панҷ солае аз зинаҳо ба поён омад.
– Шумо кӣ?– пурсид Наврӯз Умар.
– Ман соҳиби ҳамин хона.
– Ному насабатон?
– Сабзинаи Ниёз.
– Муносибати шумо бо Беҳрӯз Ниёз?
– Он кас бародарам мешаванд.
– Барои собит намудани дараҷаи хешутаборӣ бо соҳибони ин хона, ки шумо аллакай қасди даромадан намудаед ва маҳз барои ҳамин кирдоратон боздошт шудаед, бояд ҳуҷҷат, ё худ шиносномаатонро нишон диҳед.
– Тавба барои ба хонаи бародари худ даромадан ҳам шиноснома лозим будааст. Агар мефаҳмидам ҳатман шиносномаамро бо худ мегирифтам.
– Ба фикрам, худаш ҳам ҳамин хел мешавад.
– Чӣ хел мешавад?
– Шиносномаатонро нишон додан лозим меояд.
– Рафту ман шиноснома надошта бошам чӣ?
– Дар чунин сину сол бе шиноснома?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор