Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Бовари ҳаст, ки шумо аллакай дар ин бора бо сардори раёса-ти бехатарӣ суҳбат намудед,– пурсид Наврӯз Умар.
– Дар ин бора ба сардори раёсати шаҳрӣ гуфтугӯӣ телефони намудам.
– Эътироз накард.
– Кӣ?
– Сардори раёсати шаҳрӣ.
– Не.
– Бо гурӯҳи Бахтиёр чӣ кунем?
– Бигузор он ҳамчун гурӯҳи эҳтиётӣ амал намояд.
– Муфаттиши прокуратураро аз натиҷаи амалиёт огоҳ намоем?
– Танҳо баъди гирифтани дипломат.
– Мо чӣ кор кунем?
– Ба ҷойҳои кории худ равед ва бо оне ки боздошт намудаед кор баред. Рафту ёрие лозим шуда монад, занг занед.
Мо аз ҷой бархестем.
– Агар Салим Ворис ҳам ба он дипломат шарикие дошта бошад, дар давоми дувоздаҳ рӯз ин дуюмин зарбае аз пушти мо мешавад, – гуфт Воҳид Камол.
– Ҳар ки нон хӯрду ба намакдон туф кард, намак ӯро мезанад гуфт Наврӯз Умар ва мо аз дар баромадем...

... 30 ...

Мутаассифона худи Воҳид Камол ба мо имконият надод, ки дар дафтари корӣ бо оне ки аз гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо то вокзали роҳи оҳан дунболгир шудем ва сипас вайро дар чорроҳаи назди бинои асосии Донишгоҳи Миллӣ боздошт намуда, ба ШКД овардаем, сари суҳбат нишинем.
Амри навбатии Воҳид Камол, ки характери таъҷилӣ дошт, аз нигоҳи қонун ҳам супориши аввалаи вайро аз эътибор соқит мекард. Ин дафъа ману Наврӯз Умар ба кӯчаи Айнӣ ба ёрии лейтенанти милиса Садриддини Сайдраҳмон шитофтем. Автомашинаи «ВАЗ– 2107» ронандааш Сабуров моро дар рӯ ба рӯйи бинои нуҳошёнаи кӯчаи Айнӣ фаровард. Ҳарчанд автомашинаи мазкур шомили милиса буд, вале надоштани нишонаи милиса ӯро аз чашми онҳое, ки ба милиса ҳамеша таваҷҷӯҳ доранд пинҳон мекард ва дар ин субҳи содиқи рӯзи охири моҳи феврал ҳам касе аз нафароне, ки дар пеши бино буданд, нисбат ба худи мо таваҷҷӯҳе зоҳир накардаанд.

пешина
аз 515
навбатӣ