Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Аз ҳамон шахсе, ки бо ҳамин рақам занг зад.
– Медонед, ин телефон ба номи кӣ номнавис шудааст?
– Инашро намедонам.
– Ҳаминаш беҳтар аст, ки намедонед,– гӯён Воҳид Камол тамоку даргиронд ва моро ба нишастан таклиф намуд. Чун мо дар муқобили ҳамдигар нишастем сарвари ШКД аз ҷой бархест ва ба тарафи тиреза рафта, онро кушод. Боди серуни субҳгоҳӣ чун дӯзди зӯр мавқеи ҳавои хонаро танг намуда, сару рӯйи моро ҳам сила намуд. Воҳид Камол зери фаввораи дуд аз саҳни ҳавлӣ чашм намеканд, ҳарчанд дар он самт ба ҷуз девори баланди ИВС дигар чизи тамошобоб ҳам набуд.
Бар хилофи одатҳои худ ӯ ин даъфа тамокуи нимсӯхтаро на ба хокистардони мармарин, балки аз тиреза ба берун ҳаво дода, тирезаро пӯшид ва сари мизи кориаш баргашт.
Чун ҷисми худро болои курсии мулоими чархзананда гирифт, коғазҳои болои мизи кориашро такуру намуда истода гуфт:
– Телефони мазкур ба номи Салим Ворис номнавис шу– дагӣ.
– Ҳоло Салим дар куҷо?
– Аз рӯйи маълумоти даҳ дақиқаи пештар гирифтаам, дар маҳалаи Зарафшон.
– Ӯро бо зангзананда чӣ иртиботест?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале аз рӯйи сабти компеютерӣ, гуфтугӯ дар ҳарду ҳолат ҳам характери рамзӣ доштааст.
– Боҷхонаи роҳи оҳанро гурӯҳи лейтенанти калони милиса Бахтиёри Қурбоналӣ ба зери ҳимояи худ гирифт,– гузориш дод Наврӯз Умар.
– Мо гурӯҳи Бахтиёрро чун гурӯҳи амалкунанда истифода бурда наметавонем.
– Ба гумон аст, ки худи Салим Ворис баҳри гирифтани дипломат ба он ҷо ташриф орад.
– Ҳар чӣ ҳам набошад ба чунин таваккал роҳ додан хуб нест.
– Набошад ёриро аз куҷо мегирем?
– Аз СБ18– и вазорат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор