Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Мо худамон овози сагро шунидем.
– Ин ҳамааш барои чашмбандӣ буд.
– Шуморо нафаҳмидам.
– Овози саг ба лентаи магнитафон сабт шудааст ва магнитафон ба тугмачаи пушти дар пайваст шуда.
– Бовар намекунам.
– Ба ростӣ ҳамааш ҳамин аст ва ҳар қадар тугмачаро зер намоӣ саг аз дохил овоз медиҳад.
– Ин ихтирои кист?
– Ихтирои ман.
– Бад не.
– Ман хостам, ки ҳунари худро ба Сабзина нишон диҳам.
– Сабзина соҳиби ҳамон хона аст?
– Не, дугонаи соҳиби хона.
– Соҳиби хонаро чӣ ному насабест?
– Сулҳия, вале банда боре ҳам ӯро надидаам.
– Суҳбат боқӣ,– гӯён Наврӯз Умар дар пеши бинои милиса автомашинаро боздошт ва мо аз дохили он берун шудем...
... 29 ...
– О, ҳама расво шуд – ку?– баробари пой ба остонаи дафтари кори сарвари ШКД гузоштан шунидем мо овози Воҳид Камолро.
– Чӣ хел расво шуд? пурсид Наврӯз Умар, ки ҳанӯз чун худи ман пушти дар рост меистод.
– Шахсе, ки аз пеши матбаи №1 ва ҳам аз телефонавтомати истгоҳи роҳи оҳан бо телефони рақами...
Дар ҳоле ки Воҳид Камол аз байни варақаҳои паҳну парешони болои мизаш буда, рақами навиштаашро меҷӯст сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ гуфт:
– Телефони рақами 93594078...
Дар ҳамин лаҳзаҳо Воҳид Камол он навиштаҷоти худ ёфт, ки пурсид:
– Рақами чанд?
– 93594078...
– Худи худаш. Исто, ки ин маълумотро аз куҷо гирифтед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор