Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Посух гирифтам, ки иншооллоҳ модарат табобат хоҳад ёфт.
Ин суханонро ба худат кӣ ёд дод?
– Ҳамон духтараке, ки ман дӯсташ медорам.
– Ному насабаш?
– Сабзина.
– Ӯ чӣ кора аст?
– Рассом.
– Ҷойи кораш?
– Ӯ донишҷӯ аст, чун худи ман.
– Худат дар куҷо таҳсил дорӣ?
– Дар донишгоҳи миллӣ.
– Дар кадом факулта?
– Дар факултаи физика.
– Соли чандум аст, ки мехонед?
– Соли чорум.
– Соли чорум аст, ки мехонед ва намедонед, ки гуфторҳои рамзӣ асрорҳои ниҳон доранд?
– Ба Худо нафаҳмидам, ман аз рӯйи Сабзина шуда, ба ин кор даст задам.
– Вай зану мард кӣ буданд?
– Кадом зану мард?
– Онҳое, ки ҳамроҳи худат дар ҳамон як ҳавлӣ буданд.
– Ман онҳоро надидам.
– Рафту собит намоем, ки онҳоро дидаӣ ва на танҳо дидаӣ...
...
– Чаро хомӯшӣ?
– Хоҳиш мекунам, акаҷон, маро сар диҳед. Ҳамааш аз рӯйи хоҳишҳои Сабзина...
– Дар паси дарвоза ак – аки сагро шунидем, маълум ки худатро мешинохтааст, вагарна бо чунин овоз онеро, ки вориди он хона мешавад, зинда намемонад. Ба фикрам он ду нафарро ҳам худат аз посбони бадқавоқи ҳавлӣ муҳофизат намудӣ.
– Он ҷо саг нест.
– Ба фикрат мо худатро туҳмат мекунем?
– Не, албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор