Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавон ба истгоҳи тарафи муқобил рафта, аз телефон автомати истгоҳ боз ба куҷое дар тамос шуд, вале ин гуфтугӯй нисбат ба гуфтугӯйи аввала ниҳоят кутоҳ буд. Сипас, ба автобуси рақами се нишаст ва дар рӯ ба рӯйи Донишгоҳи миллӣ фаромад... Ҳангоми аз чорроҳа гузаштан бо баҳонаи пурсидани соат ману Наврӯз Умар ӯро боздошта, ба автомашина шинондем. Дар ин муддат мо тавонистем, ки ба гурӯҳи Бахтиёри Қурбоналӣ фаҳмонем, ки дипломат дар кадом хоначаи автоматӣ боҷхона аст ва ҳамчунин сарвари ШКД – ро аз занги дуюми объект аз телефони автомати истгоҳи роҳи оҳан огоҳ намоем.
– Ман гуноҳе надорам, илтимос маро сар диҳед, хоҳишу илтиҷо намуд объект.
– Гап зан, ки дар дипломат чӣ буд, – гуфт Наврӯз Умар муҳаррикро ба кор дароварда истода.
– Ба Худо, ки намедонам.
– Дар милиса бошад ҳамаашро ба ёд меорӣ.
– Ба ҷонам қасам, ки намедонам.
– Аз телефон автомат ба куҷо занг задед?
– Кай?
– Ҳамон вақте ки аз таксӣ фаромадед.
– Ман ба кию ба куҷо занг заданамро намедонам, вале рақамаш дар ёдам ҳаст.
– Гап зан он чӣ рақамест?
– 93.594.07.8...
– Бо оне ки дар тамос будед чӣ гуфтед ва чӣ посух гирифтед?
– Гуфтам, ки модарам бемор асту омада наметавонам.
– Посух гирифтам, ки аз хизмати дорухонаи роҳи оҳан фаромӯш насозам.
– Бори дуюм тариқи телефон чӣ гуфтед?
– Гуфтам, ки бо бисту ҳашт сомонӣ баҳри модарам дору харидам.

пешина
аз 515
навбатӣ