Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҷавон ба самти офтобнишину хонуми дар гуноҳ олудаи ӯ ба сӯйи тулӯйи офтоб…
Зан аз паҳлӯи мо гузашта, ба сӯйи роҳи калон рафт.
Ман афсӯс бар он хӯрдам, ки то вақту соаташ мо вайро боздошта наметавонем.
Нафаре, ки ба андешаи Наврӯз Умар бист дақиқа пеш аз дилдодагон пой бар он манзил гузошта буд, дар ин субҳ содиқ баъди ҳафт дақиқаи рафтани дилдодагон аз он манзил берун шуд. Дар ҳоле ки ӯ ҳанӯз дарвозаро дуруст напушида буд, тугмачаи пушти дарро аз самти берун зер намуд ва «посбон»-и хона бо як – аки худ гӯши фалак бидарид. Вай дарвозаро пушид ва дипломати зарде, ки ранги ғуруби офтобро дошт ба даст гирифта, ба ҳамон самте, ки Маҷнун рафта буд ҳаракат намуд.
Наврӯз Умар чанд рақамеро дар телефони дастиаш зер намуда, ба шахси ба алоқа баромада супориш дод, ки аз боз доштани объекте, ки ба сӯяшон ҳаракат дораду дипломати рангаш зард дар дасташ аст, худдорӣ намоянду ӯро дунболгир шаванд.
– Шуморо нафаҳмидам, гуфт лейтенанти калон Бахтиёри Қурбоналӣ.
Наврӯз Умар ҳам муҳаррикро ба кор андохт ва баъди ду дақиқа мо чун гурӯҳи эҳтиётӣ аз қафои автомашинаи «Волво»– и Бахтиёри Қурбоналӣ шудем.
Чун объект дар рӯ ба рӯйи матбааи №1 аз такси фаромада, аз телефон – автомат ба куҷое занг зад, бо хоҳиши Наврӯз Умар ман ба сардори ШКД Воҳид Камол занг зада хоҳиш намудам, ки муайян намоянд: – Соати 0654 дақиқа аз телефон автомати назди матбааи №1 ба куҷо занг заданд...
Дар ҳамин вақт ҷавоне ки дипломати зард дошт, ба тролейбус нишаст ва мо ӯро то пеши вокзали роҳи оҳан гусел намудем. Баъд ӯ аз нақлиёти шаҳрӣ берун омада, ба самти даромадгоҳи асосии вокзали роҳи оҳан ҳаракат намуд. Бо амри сардори бахш, ки нияти бо гурӯҳи Бахтиёр алоқа барқарор намудан дошт, ман объектро дунболгир шудам...
Ӯ ба таҳхонаи бинои асосии вокзал фаромада, дипломатро ба хоначаи рақами 28 – и боҷхонаи автоматӣ гузошт ва қафо баргашт. Дар ин муддат банда ҳам ба кушодани яке аз хоначаҳои автоматии боҷхона андармон будам, ӯро бо нигоҳе гусел намудам ва тугмачаи телефонро зер намуда, аз Наврӯз Умар хоҳиш намудам, ки лаҳзаи аз бинои вокзал баромадан ӯро ба зери ҳимояи худ бигирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор