Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ӯро хонаю дари обод ҳаст, вале афсӯс, ки худ покдоман нест ва дилхушии имшабааш боиси кашмакашиҳои минбаъдааш хоҳад гашт.
– Маҷнун ҷавони бисту се, бисту шаш сола аст.
– Лайло чӣ?
– Сию панҷ чилсола.
– Шумо онҳоро аз пеш дидед?
– Не, аз объектив. Сержант Қадамов ҳамаи онҳоеро, ки ба он дарвозаи кандакорӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, бо истифода аз воситаҳои техникӣ ба навор мегирад. Ҳатто, дар навор соату дақиқаи воридшавии онҳо ҳаст.
– Набошад, чӣ лозим буд, тамоми шаб хоби худро нороҳат сохтан?
– Танҳо ба хотири дастгир намудани мудири хонаи маданият.
– Агар ӯ аз мадди назари объективи сержант Қадамов дур намонда бошад, дастгир намуданаш чандон мушкил набуд.
– Шояд, вале ба андешаи банда, дар ин ҷо асрори дигаре низ ҳаст.
– Чӣ хел асрор?
Ба ёд биёред вохӯриҳои маҳрамонаи Салим Ворисро бо нашъаҷалоб Амон Ҳотам, ё худ Корвон ва ҳамчунин бо Алик ё худ Ҳусайни Абдул, ки дар интиқоли маводи мухаддир даст дорад ва пайвастагии Корвону Салимро бо соҳиби ҳамин қасри кошӣ, ки ҳатто дар замони донишҷӯиаш шантажро чун рукни зиндагӣ пазируфта...
Замоне, ки шафақ бо ҷилои худ мақоми ситораҳоро танг намуду парчами хуршеди ховар чун ливои зафар болои осмон рост шуд, ҳадиси он се тани пушти дарвозаи кандакорӣ буда, низ поён ёфт.
Дарвоза каме кушода шуду ҷавоне аз он манзил берун омада чун дузд ба атроф нигарист. Чун ҳама ҷоро сокиту ором дид, дуюмбора сар дохили дарвоза бурд ва шояд бо имое кавкаби худро ҳам ово намуд. Лаҳзае пас он аз манзили пурасрор зане ҳам берун омад, ки қариб ду умри роҳбалади худро ёд дошт. Ҳарду бо нигоҳи худ дуюмбора кӯчаро палмосиданд ва чун хатареро ҳис накарданд, ҳар кадоме бо кулвори гуноҳҳои худ ба самтҳои мухталиф гом заданд.

пешина
аз 515
навбатӣ