Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ростӣ мо дар ин ҷо аз соати бисту се, – гуфт Наврӯз
Умар, ки сари чанбарак нишаста, чашм аз миёни кӯча намеканд.
– Пас чаро маро огоҳ накардед?
– Чунки боварӣ доштем, ки шаби ошиқони бедил дароз аст...
– Худ бошад мижа таҳ накардед?
– Не, ба ҷуз ҳамон дидбонгоҳи асосӣ ҳама дар ҳолати омодабош қарор доштем, рафту агар хатареро ҳис мекардем, албатта сари по рост мешудем.
– Он ҷо чанд нафар?
– Се нафар, ду марду як зан.
– Чӣ?
– Он чӣ шунидед.
– Ақли одам намегирад.
– Фикрҳои ботилро аз сари худ дур намоед.
– Чӣ тавр.
– Дилдодагон ду тананд.
– О, ҳоло гуфтед, ки се нафаранд.
– Дилдодагон ду нафар ва боз мудири «хонаи маданият», ҳа дар воқеъ мудир бист дақиқа пеш аз мизоҷон омадааст.
– То асбобҳои худро омодаи кор созад?
– Намедонам, ӯро чӣ нағмаю усуле дар сар аст, вале дилам
гувоҳӣ медиҳад, ки он ду дилдода ба гӯшаи хотир ҳам наовардаанд, ки ба ҷуз худи онҳо нафари дигаре ҳам дар он ҳавлӣ ҳаст.
– Дуздию ғарӣ дар паси саргини хар...
– Он ду дилдода аз куҷо медонанд, ки тамоми шаб аз мадди назари объектив дур намондаанд.
– Яке аз онҳо бояд донад.
– Ба андешаи шумо кадоме аз онҳо аз будани объектив воқиф аст?
– Гумон мекунам, ки Маҷнун?
– Лайло чӣ?

пешина
аз 515
навбатӣ