Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, ҳамаи коғазҳоро аз мадди назари Наврӯз Умар гузаронида, онро барои тасдиқ ба назди Воҳид Камол бурдам.
Баъди ҳама коғазбозиҳо ва анҷоми расмии вақти кор ман дар кадом вазъ қарор доштани Абдумаҷидро ба ёд оварда, ба хона омадам. Наталя Василевна аз тарси он ки Абдумаҷидро бедор накунам, маро рост ба ошхона бурданӣ шуд, вале чун фаҳмид, ки иштиҳо надорам, ин даъфа то ҳуҷраи Далер гуселам намуд.
Далер болои системаи даврии Менделеев зар меҷӯст. Баробари дидани ману модараш ӯ аз ҷой бархест ва ду курсиро баҳри нишастамон омода сохт. Ману модараш хоҳиш намудем, ки бигӯяд дар ватани азизамон чанд элементи химиявӣ вуҷуд дорад. Ҳар он чи ки Далер гуфт ба ақл рост намеомад, ба таври дигар гӯем қариб нисфи элементҳои системаи даврии Менделеев дар Тоҷикистон буданд. Дар ҳамин лаҳза ман боз суҳбати худро бо Қурбони Амиршоҳ ба ёд овардам ва афсӯс бар он хӯрдам, ки бо ҳамин қадар сарвати зеризамминӣ мутаассифона мо ҳамон ду қоидаи оддиро риоя намекунем вагарна кайҳо ба қатори кишварҳои мутараққӣ ҳам набошад, ба сафи мамолики рӯ ба инкишоф дохил мешудем...

... 28 ...

Соатҳои панҷи субҳи рӯзи охири моҳи феврал дар ҳоле, ки банда ҳанӯз болои бистар будам, телефони дастиам ларзиш хурд ва ман онро ба даст гирифта, тугмачаашро зер намудам.
– Акбар Ҳакимович?
– Лаббай.
– Агар хоҳиши аз маърака қафо мондан надошта бошед, пас бишитобед.
– Ба куҷо.
– Ба гузаргоҳи...
– Хуб шудааст,– гӯён ман худ ба гуфтугӯйи минбаъдаи сардори бахш Наврӯз Умар нуқта гузоштам.
Баъди бист дақиқа ман дар даромадгоҳи гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо аз автомашина фаромадам ва баъди ду дақиқаи дигар худро дохили автомашинаи Наврӯз Умар гирифтам.

пешина
аз 515
навбатӣ