Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аслан, кулли ҷосусҳои дунё тортанакро мемонад.
Онҳо баҳри ба мақсади аслии худ расидан аз ягон коре рӯй нахоҳанд гардонд ва чун парвона дар гирди шамъ давр мезананд ва бо ҳамин амал гирдатро бо торҳои мустаҳкаме ҳалқа месозанд ва сипас он ҳалқаро чунон мефишоранд, ки...
Худат ҳам дигар чи кор карданатро намедонӣ чунки аз беэҳтиётӣ сирри давлатро фош намудӣ ва туро роҳи бозгашт нест. Акнун танҳо дар зери навои доираи тортанак ё худ ҷосус рақс хоҳӣ кард, ё чунон ба торҳои танидаи ӯ дармонӣ, ки худ сирри ҳарбию давлатиро наздаш мегузорӣ, то баҳри онҳое, ки туро ба давлати дигар намоянда фиристодаанд ҳисоботи муфассал тайёр намояд, мисли оне, ки сафири кабири Германия аз хизмати журналист Рихард Зорге дар Япония истифода бурд...
Чун суҳбати имрӯзаи мо бо Қурбони Амиршоҳ аз доираи криминалӣ берун баромад, ӯ дар бораи яке аз мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон Ҷопон, ки ба ҷуз замину обу ҳаво дигар сарвате надорад, чанд сухан гуфт. Ба андешаи ҳамсуҳбати ман, ки дониши сиёсиаш дар сатҳи баланд аст, ман ҳамин қадар фаҳмидам, ки ҷопонҳо танҳо аз ҳисоби коргузории хуб тавонистанд, ки ҳамин кишвари хурдакакашонро, ки ба ҷуз замину об ва ҳаво дигар боигарие надоранд ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳанд. Сабаби ҳамаи инро шореҳи сиёсӣ, ки соате бо ман сари суҳбат қарор дошт, дар риояи ҳатмии қоидаҳои зерин арзёбӣ намуд.
Ба ақидаи ӯ ҷопониҳо аввал аниқ мекунанд, кӣ истеъдоди ҳунар дораду кӣ надорад. Дуюм ба ҳар кас аз рӯйи қобилияташ (бидуни тағобозию ришвадиҳӣ) ҷойи кор ё худ мансаберо медиҳанд. Риояи ҳатмии қоидаҳоро дар мамлакати офтоббаро ба ёд оварда, баробари паси мизи корӣ нишастан, ман ҳам ҳамаи ҳуҷҷатҳоеро, ки дар атрофи марги Беназир гирд оварда будам, болои миз гузоштам ва бо дастрас намудани қарори муфаттиши прокуратура дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи факти ба ҳалокат расидани Беназири Назир ва санадҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти ҷустуҷӯйи милисаро ба танзим медароранд, ба оғози парвандаи оперативӣ ҷустуҷӯӣ шуруъ намудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор