Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳоле ки мо қарор доштем, такя бо собиқ корманди раёсати якуми КГБ ба андешаи кунунии банда, аз манфиат холӣ набуд. Дигар ҷойи андеша ҳам набуд ва ман ҳамон варақаи Қурбон Амиршоҳро болои миз гузошта, гӯшаки телефонро бардоштам.
– Шуморо гӯш мекунам.
– Ман Абдумаҷидов.
– Акбар Ҳакимович?
– Бале.
– Хело шодам, ки бандаро ба гӯшаи фаромӯшӣ надодед.
– Мехостам дар ҳалли баъзе масъалаҳо бо шумо суҳбат намоям.
– Баъди як соат шуморо дар тарабхонаи «Клеопатра» интизор мешавам, – гӯён мусоҳибам бо ман муваққатан худоҳофизӣ намуд.
Банда он ҳама расмҳое, ки таваҷҷӯҳи худамонро бедор намуда буданд, ба ҷузвдони чармин гузошта, аз ҷой бархестам…
... 27 ...

Танҳо дар нимаи дуюми рӯз ба ман муяссар шуд, ки бо Қурбони Амиршоҳ худоҳофизӣ намоям. Чун аз санҷаи дари тарабхонаи «Клеопатра» берун омадам, офтобро дар қиём дидам. Ин танҳо аз нигоҳи илми нуҷум буд. Дар асл бошад ақрабаки соат ба 14 наздик мешуд ва вақти тановули нисфирӯзӣ аз ҳисоби корхонаю муассисаҳо кайҳо пушти сар шуда буд.
– Ман кушиш мекунам, вале ваъда намедиҳам гуфтани Қурбони Амиршоҳ дар тамоми роҳи то ба милиса омаданам дар гӯшам садо доду садо. Аз он чи ки шиноси деринаам ваъда надод, дилам оромтар гашт вагарна аҷаб набуд, ки ман ӯро бодак нагӯям. «Тортанак кам буд, ки боз болои номаш бодакро ҳам илова мекунед» – нидо омад аз қалбам.
Рафту агар ваъда медод,- ғунгос задам ман ва боз илова намудам, ки лақаби Тортанакро ба ӯ Амириён беҳуда нагузоштааст.

пешина
аз 515
навбатӣ