Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар таҷрибаи кории банда ин бори аввал набуд, ки худи сарназоратчиёни қонун баҳри анҷоми коре ихтилофот пеш меоварданд ва бо ин васила мақомоти ҷустуҷӯйиву тафтишотиро ба таваккал намудан ҳидоят мекарданд. Чун таваккал нек анҷом меёфт, онро бурдбории худ гӯён арзёбӣ мекарданд, дар акси ҳол худ дар соя мемонданду ҷилави оне, ки таваккал гуфта, пой болои қонун гузоштааст, мекашиданд. Дар солҳои дар милиса кору фаъолият доштанам худ шоҳиди даҳҳо ҳодисаҳое будам, ки кормандони милиса баҳри пешравии кор, баҳри обурӯйи идора даст ба таваккал задаву сари сабз ба бод доданд.

Гарчи аҷал якояк аз ин галла мебарад,
Ин галларо бубин ,ки чи осуда мечарад...

Вале ин дидаву шунидаҳо баҳри мо дарс нашуд ва ҳамагӣ чанд шабонарӯз пештар худи ман таваккал гуфта, бо роҳи ғайриқонунӣ вориди манзиле шудам ва рафту аз ин кор шефи Фурӯғ огоҳ мегашт, албатта аз «окоп» (камингоҳ) берун меомад. Агар прокурор Беҳрӯз Ниёзро, ки бо кори шахсиаш ба хориҷи кишвар рафта буд, бо ваколатномаи дипломатӣ муҷҷаҳаз намегардонд новобаста аз он ки манзил дар шафати ситораҳо буду вайро дари фулодин аз чашми бад эмин медошт, мо боз таваккалро сармашқи кори худ мекардем...
Фурӯғ рост гуфт, ки милиса бо таваккал зинда аст. Ҳамин таваккал аст, ки кулли селобаҳои нопоки ҷамъият аз қабили терорризму экстримизм пешгирӣ карда мешаванд, чунки баҳри пешгирии чунини амалҳо ризояти прокурор лозим нест, вале...
Худо накардаву ҳангоми чунин амалиётҳо милиса заррае аз ҳадди ваколатҳои худ берун барояд, дар он сурат нигоҳи онҳое, ки назорати қонунро ба душ доранд нисбат ба онҳое, ки таваккал гуфтаю ҷони худро ба хатар гузоштаанд, чун нигоҳи гург ба галла хоҳад шуд. Акнун, ки Фурӯғ бо шефаш сари масъалаи кофтуков дар манзили Беҳрӯз Ниёз ба мувофиқа наомада буд, мо дигар ба таваккал роҳ дода наметавонистем, чунки худи сарназоратчии қонун дар камингоҳ нишаставу қадамҳои моро мешумурд. Моро танҳо як роҳ буд, он ҳам бошад баҳри ҳатми будани кофтуков дар манзили Беҳрӯз далелҳое чун девори бузурги Чин гирд овардан, ки ҳеҷ гуна боду селе ба вай таъсир расонида натавонад.

пешина
аз 515
навбатӣ