Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бовари ҳаст, ки суроғаи бародари Беҳрӯз Ниёзро, ки муқими Молдава аст муайян мекунед.
– Кӯшиш мекунем,– гуфт сардори бахш.
– Акбар Ҳакимович худи ҳамин рӯз боз ба Чанор равед ва бо мардуми он ҷо дар бораи Беназир суҳбат намоед. Метавонед он расмҳои бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаатонро нусхабардорӣ намуда ба чанориён нишон диҳед.
– Хуб шудааст.
– Наврӯз Умарович, хонаи Эшоноваро ба зери назорати доимӣ гирифтан лозим.
– Хона аллакай дар зери назорат аст.
– Чӣ тавр?
– Дар хонаи рӯ ба рӯ мо аллакай ду нафар аз кормандони худро ҷо ба ҷо намудем. Ба бахти худи мо, ки тирезаи он хона рӯ ба рӯйи дарвозаи Эшонова аст.
– Намуди алоқа чӣ?
– Тариқи телефони мобилӣ, вале суҳбат бояд характери пардапӯшона дошта бошад.
– Дар бораи Анори Зокир ҳам фаромӯш насозед. Тариқи пурсиши ҳамсояҳо ва ҳамкорон дар бораи вай ҳам ҳарчи бештар маълумот ба даст оварданамон лозим аст ё шумо вайро аз рӯйхати гумонбаршудагон алакай баровардед?
– Не, албатта.
– Хело хуб мешуд агар мо шахсияти ҳамон нафареро, ки аз рӯзи дуюми содиршавии ҷиноят ба тарбхонаи «Кайҳон»
муфаттиши прокуратураро ҳидоят намуд, муайян мекардем.
– Мо сари ҳамин масъала ҳам кор карда истодаем, – гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ.
– Бо ин ҳама талошҳо қариб, ки натиҷаи корамон маълум нест, мо то кунун муайян накардем, ки калидҳои хонаи Беҳрӯзи Ниёз дар куҷоянд, модоме ки онҳоро аз ҷайби ҷабрдида наёфтаанд, пас онҳо дар дасти киллер буданд ё гапам нодуруст?
– Албатта дуруст.
– Акнун аз пайи кор шавед, рафту имрӯзу фардо мо сари ин муаммо рушноие оварда натавонем, пас фардо моро лозим меояд, ки, ОПД (парвандаи фаври ҷустуҷўӣ) оғоз намоем сухани дар нимароҳ мондаи сардори ШКД– ро қувват дода гуфт Наврӯз Умар.

пешина
аз 515
навбатӣ