Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Имрӯз расо нуҳ рӯз мешавад, ки Беназир дар байни мо нест ва мутаассифона на ҳамаи маълумоти ба даст овардаи мо қобили қабуланд.
Аз гузоришҳои шумо ва ҳамчунин аз ҳуҷҷатҳои то ба имрӯз гирдовардаи тафтишот бармеояд, ки корманди милиса замоне ба шантаж сару кор доштааст. Аз он чӣ ки дар манзили истиқоматии вай боз ду ҳазор долари амрикоӣ ёфт шудааст, худ гувоҳи он аст, ки ҳамкори мо Беназири Назир аз шуғли пештараи худ даст накашидааст. Инаш ҳам дарди бахайр мебуд, агар корманди дигари шуъбаи мо лейтенант Салим Ворис бо Эшонова Сулҳия Муродовна муносибати наздик намедошт.
– Шуморо нафаҳмидам рафиқ полковник,– гуфтам ман.
– Дирӯз баъди рафтани шумо мо шахсияти ҳамон духтаракеро, ки Беназир тирпарониро ёд медодааст, муайян намудем. Ӯ худ ҳамон нафарест, ки замоне Беназирро ба Евпатория фиристода, баҳри модари угай маълумоти манфӣ ба даст овардааст. Ба ивази ин ҳама некиҳояш Беназир аз тапончаи хизматиаш ба вай тирпарониро ёд додааст, вале ин ҳам анҷоми кор нест.
Аз он чӣ ки замоне Эшонова бо ҷабрдидаи дуюм ҳам шинос будааст, боиси тааҷҷуб аст. Дирӯз мо аз сари ҳамин масъала ибрози назар намудем ва банда аз шумо Наврӯз Умарович хоҳиш намудам, ки расми мазкурро бо хабарнома ба тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ фиристед. Аз он чӣ ки аз рӯйи нақши ангуштонаш мо шахсияташро муайян карда натавонистем, ин худ шаҳодати он аст, ки ӯ боре ҳам дар маҳбас набу-дааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба вай ан-дешаи мусбӣ дошта бошем. Андешаи манфиро ҳам мо ҳуқуқи ба сар ҷо ба ҷо кардан надорем. Аз ҳамин нуқтаи назар мо бо-яд тамоми чораҳоро андешем, то шахсияти вайро муайян намоем.
Акбар Ҳакимович луқмаеро баҳри фурӯ бурдани мо омода сохтааст, вале мо худ дар фурӯ бурдани ҳамин луқмаи тайёр ҳам андеша дорем. Рафту дар ин се шабонарӯзи гузашта мо кӯшише ба харҷ медодем, ҳатто аз Кишнёв ҳам дар бораи вай хабар мегирифтем. Худи ҳамин рӯз тариқи телефакс ба раёсати корҳои дохилии шаҳри Кишнёви Ҷумҳурии Молдова мактуб ирсол намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор